Вазири мудофиаи ИМА Ҷеймс Мэттис ба истеъфо рафт

Ҷеймс Мэттис, вазири мудофиаи ИМА ба истеъфо рафт. Аз аризае, ки вай ба президенти Амрико Доналд Трамп фиристодааст, чунин бардошт мешавад, ки сабаби истеъфои Мэттис ихтилофи назараш бо президент будааст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Мэттис ёдовар шудааст, ки ҷонибдори ҳамкориҳои фаъол бо ҳампаймонҳои ИМА ва инчунин муқобила бо кишварҳое амсоли Русия ва […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ҷеймс Мэттис, вазири мудофиаи ИМА ба истеъфо рафт. Аз аризае, ки вай ба президенти Амрико Доналд Трамп фиристодааст, чунин бардошт мешавад, ки сабаби истеъфои Мэттис ихтилофи назараш бо президент будааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Мэттис ёдовар шудааст, ки ҷонибдори ҳамкориҳои фаъол бо ҳампаймонҳои ИМА ва инчунин муқобила бо кишварҳое амсоли Русия ва Чин аст, ки ба гуфтаи вазири мудофиаи Амрико, талош доранд, бо дидгоҳҳои авторитариашон назми ҷаҳонро бозсозӣ кунанд. Ба бовари Мэттис, бояд ҳамаи имконоти дар ихтиёри Амрико бударо барои тақвияти муттаҳидон истифода бурд, ки онҳо тавонанд, ба талоши кишварҳои зикршуда мубориза баранд.

"Аз он ҷо ки шумо ҳақ доред, вазире дошта бошед, ки дидгоҳҳояш дар ин масоил ва масъалаҳои дигар бо шумо мувофиқ бошад, ман тасмим гирифтам, ки мақомамро тарк кунам", – навиштааст Мэттис дар аризаи истеъфояш.

Президент Трамп истеъфои Мэттисро қабул карда, дар Твиттер навишт, ки аз фаъолияти вай изҳори сипос мекунад. Трамп ҳамзамон аз пешрафтҳое, ки Пентагон дар давраи вазирии Мэттис доштааст, ёдовар шуд. Президенти ИМА ваъда дод, ки дар фурсатҳои наздик номи вазири навро эълом хоҳад кард.

Рӯзи чаҳоршанбе Трамп эълом дошт, ки давоми ду моҳи оянда нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия берун оварда хоҳанд шуд. Ин иқдом ҳам аз сӯи муттаҳидони ИМА ва ҳам аз сӯи конгресси ин кишвар танқидҳоеро ба бор овард. Гуфта мешавад, Мэттис зидди дар ин марҳила берун овардани артиши ИМА аз Сурия буд.

Дар ҳамин ҳол, хабар мерасад, ки Трамп имконияти берун овардани қисмати зиёди артиши Амрикоро аз Афғонистон баррасӣ мекунад. Ба навиштаи расонаҳои ИМА, дар ин маврид низ қарор қабул шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.