Ӯзбекистон транзити борро тариқи қаламраваш барои Тоҷикистон сабуктар кард

Ӯзбекистон қоидаҳои ҳамлу нақли боркаширо тарқи қаламраваш сабуктар кард: ба ивази се рӯзи пешина муҳлати гузаштан ё транзити мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз қаламрави ин кишвар то 5 рӯз дароз шуд. Барои таъхири муҳлат дар қаламрави Ӯзбекистон бо сабабҳои гуногун, ронандагон мебоист дар ҳаҷми 70 доллар барои ҳар як рӯзи “барзиёдатӣ” ҷарима месупориданд, хабар медиҳад CA-NEWS […]

Asia-Plus

Ӯзбекистон қоидаҳои ҳамлу нақли боркаширо тарқи қаламраваш сабуктар кард: ба ивази се рӯзи пешина муҳлати гузаштан ё транзити мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз қаламрави ин кишвар то 5 рӯз дароз шуд.

Барои таъхири муҳлат дар қаламрави Ӯзбекистон бо сабабҳои гуногун, ронандагон мебоист дар ҳаҷми 70 доллар барои ҳар як рӯзи “барзиёдатӣ” ҷарима месупориданд, хабар медиҳад CA-NEWS (UZ).

Ғайр аз ин, 47 хатсайри нав барои ҳаракати транзитӣ таъиншуда барои мошинҳои боркаши хориҷӣ дар қаламрави Ӯзбекистон боз шудааст. Аксари онҳо дар ҳудудҳои ворид шудан аз сарҳади Тоҷикистон (18 хатсайр) ва Туркманистон (12 хатсайр) дастрас мебошанд.

Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ Мурод Ҳасанов, ронандаи автомашинаи боркаш (фура), ки аз Тоҷикистон  тариқи қаламрави Ӯзбекистон ба шаҳри Барнаули Русия мева мекашонид, изҳор доштааст, ки чанд сол пеш бинобар сабаби вайрон шудани автомашина, қариб муддати як ҳафта дар Ӯзбекистон монда, дар сарҳади Қазоқистон марзбонони ӯзбек ӯро наздик ба маблағи 300 доллар ҷарима бастаанд.

Қобили зикр аст, ки моҳи августи соли 2017 Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 40% тахфифро барои транзити борҳо бо роҳи оҳан тариқи каламраваш пешниҳод намуд. Ширкати “Ӯзбекистон темир йӯллари” пас аз пайгирии ҳаҷми ҳамлу нақл тариқи роҳи оҳан, тасмим гирифт, ки барои ҳамтоёни тоҷики худ тарифҳоро ба таври назаррас коҳиш медиҳад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.