Арчаи солинавии Душанбе дар сафи 7-гонаи арчаҳои кишварҳои ИДМ

Агентии таҳлилии ТурСтат рейтинги арчаҳои солинавии кишварҳои ИДМ-ро дар ҷашнҳои солинавии 2019 аз лиҳози натиҷаҳои таҳлили баландии онҳо дар пойтахтҳои кишварҳои узви ИДМ таҳия намуд. Арчаи асосии солинавии Тоҷикистон бо баландии 28 метр санаи 10 декабр дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе қомат афрохт. Арчаи солинавӣ дар майдони Кремли шаҳри Маскав пешсафи арчаҳои зинда байни пойтахтҳои […]

Агентии таҳлилии ТурСтат рейтинги арчаҳои солинавии кишварҳои ИДМ-ро дар ҷашнҳои солинавии 2019 аз лиҳози натиҷаҳои таҳлили баландии онҳо дар пойтахтҳои кишварҳои узви ИДМ таҳия намуд.

Арчаи асосии солинавии Тоҷикистон бо баландии 28 метр санаи 10 декабр дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе қомат афрохт.

Арчаи солинавӣ дар майдони Кремли шаҳри Маскав пешсафи арчаҳои зинда байни пойтахтҳои кишварзои аъзои ИДМ дониста шуд.

Тибқи маълумоти ТурСтат, ба даҳгонаи шаҳрҳои ИДМ бо арчаҳои солинавии баланд кишварҳои зерин шомил гардидаанд: Ашқобод (38 метр), Боку (37 м), Ереван (37 м), Тошканд (35 м), Минск (30 м), Душанбе (28 м), Москва (27 м), Остона (25 м), Бишкек (25 м) ва Тифлис (25 м).

Арчаи солинавие, ки имсол дар майдони Дӯстии пойтахт гузошта шуд, баландтарин дар таърихи Тоҷикистон аст. Баландии он 28 метр ва масоҳаташ 13 метрро ташкил медиҳад. Чун соли пешин арчаи асосии кишвар имсол низ светодиодӣ буда, ин дафъа онро 14 ҳазор адад бозичаҳо зебу зинат ва оро медиҳанд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.