Резиши сангу кӯҳпора роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғро баст

Барфрезиҳои шадиди шабонарӯзи охир ба резиши сангу кӯҳпора дар километри 282-юми роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ боис гардид: ин ҳодиса дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рух додааст. Барои анҷоми корҳои махсуси тозакунии роҳ аз барфрезаву сангу кӯҳпора ҳаракат дар ин қитъаи роҳи мазкур муваққатан қатъ шуд. Барои корҳои тозакунии роҳ 4 адад техникаи махсуси […]

Барфрезиҳои шадиди шабонарӯзи охир ба резиши сангу кӯҳпора дар километри 282-юми роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ боис гардид: ин ҳодиса дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рух додааст.

Барои анҷоми корҳои махсуси тозакунии роҳ аз барфрезаву сангу кӯҳпора ҳаракат дар ин қитъаи роҳи мазкур муваққатан қатъ шуд.

Барои корҳои тозакунии роҳ 4 адад техникаи махсуси Вазорати нақлиёт, ҳамчунин дастаи зудамали наҷотдиҳандагони ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сафарбар шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи мазкур Умеда Юсуфӣ.

“Дар се мавзеи ин қитъаи роҳ ярчу сангпора рехта, дарозии кӯҳпораи бузургтарин қариб 100 метрро ташкил медиҳад ва ҳудуди 2 ҳазор метри мукааб сангу лой ба роҳ рехтааст”, – қайд кард номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, роҳсозони маҳаллӣ ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда баҳри ҳарчи зудтар тоза кардани роҳ ва барқарор кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин қитъа ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамчунин аз аҳолӣ эҳтиёткориву ҳушёриро дархост мекунад, зеро ҳодисаҳои навбатии резиши барфу сангпораҳо дар роҳҳои минтақаи кӯҳистони ҷумҳурӣ аз эҳтимол дур нест.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.