Мутахассисони тоҷик тарзи идоракунии реактори ядроии “Аргус”-ро дар Русия ва Чин меомӯзанд

Корҳои таъмиру навсозӣ дар биное, ки реактор дар он ҷойгир аст, пурра ба итмом расиданд, хабар дод Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе. Бино ба гуфтаи ӯ, корҳо оид ба барқарор намудани худи реактор идома дошта, барои идоракунии он мутахассисони маҳаллӣ дар хориҷи кишвар омода мешаванд. “Масъалаи тайёр кардани […]

Корҳои таъмиру навсозӣ дар биное, ки реактор дар он ҷойгир аст, пурра ба итмом расиданд, хабар дод Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.

Бино ба гуфтаи ӯ, корҳо оид ба барқарор намудани худи реактор идома дошта, барои идоракунии он мутахассисони маҳаллӣ дар хориҷи кишвар омода мешаванд.

“Масъалаи тайёр кардани кадрҳо барои идоракунии реактор муҳим буда, аз ин рӯ, мо бо “Китайатом” ва “Росатом” дар ин самт созишномаҳо ба имзо рсонидем”,- иттилоъ дод ба журналистон Раҳимӣ.

Зимнан зикр шуд, ки қисмате аз мутахассисон дар пажӯҳишгоҳҳои илмии Русия (МИФИ ва МФТИ) ва боз 23 нафар мутахассисон дар Донишкадаи энергияи атомии Чин ва Донишкадаи таҳқиқоти ядроӣ дар Шанхай тарзи идоракунии реакторро меомӯзанд.

Мутахассисон аллакай интихоб ва номзадаии онҳо мавриди мувофиқасозӣ бо донишкадаҳо қарор дошта, мутахассисон ояндаи наздик ба таҳсил сафарбар мешаванд.

“Бовар дорам, ки бо анҷоми корҳои барқарор ва таъмиру навсозӣ дар реактор, мутахассисони мо барои идоракунии он омода хоҳанд буд”, – илова намуд Раҳимӣ.

Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯянд, маҳсулоте, ки дар реактори ядроии «Аргус» баъди барқарор кардани фаъолияти он истеҳсол мешавад, дар саросари ҷаҳон серхаридор ва серталаб хоҳад буд.

Қаблан дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Фарҳод Раҳимӣ дар ин робита изҳор намуда буд, ки дар реактор истеҳсоли дорувории тиббӣ барои муолиҷаи бемориҳои саратон дар назар аст. Имрӯз дар саросари ҷаҳон беморони саратон ҳамагӣ 10 фоиз бо дорувории зарурӣ таъмин мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.