Дар “Тоҷик Эйр” ба барқарор кардани парвозҳо умедворанд

 “Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Барномаи дастгирии давлатии ҶСК “Тоҷик Эйр” дар давраи солҳои 2018-2023, ки соли гузашта қабул шуд, дар мавриди раҳоии ширкат аз буҳрони ҳозира тадбирҳо роҳандозӣ шудааст”, – хабар дод роҳбари нави ширкати ҳавопаймоӣ Дилшод Исматуллозода зимни нишасти матбуотӣ. Ӯ қайд кард, ки дар доираи ин тадбирҳо аз ҷумла кам кардани хароҷот, ҷорӣ […]

 “Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Барномаи дастгирии давлатии ҶСК “Тоҷик Эйр” дар давраи солҳои 2018-2023, ки соли гузашта қабул шуд, дар мавриди раҳоии ширкат аз буҳрони ҳозира тадбирҳо роҳандозӣ шудааст”, – хабар дод роҳбари нави ширкати ҳавопаймоӣ Дилшод Исматуллозода зимни нишасти матбуотӣ.

Ӯ қайд кард, ки дар доираи ин тадбирҳо аз ҷумла кам кардани хароҷот, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, тарзу усулҳои муосиру нави идоракунӣ, харидории ҳавопаймоҳои нав ва ғайра пешбинӣ шудааст.

“Мутаассифона, – гуфт Исматуллозода. – Ҳавопаймоҳои мо куҳна буда, ният дорем, ки техникаи мавриди истифода қарорнадоштаро, ки дар тавозуни шркат қарор доранд, фурӯхта, баҳри пардохт кардани қарзҳоямон воситаҳои иловагӣ дарёбем”.

Исматуллозода таъкид дошт, ки “ширкат тибқи барномаи қабулшудаи дастгирӣ амал намуда”, умедворӣ изҳор кард, ки “амалисозии тадбирҳои он барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда мусоидат менамояд”.

Зимнан зикр шуд, ки айни замон танҳо як ҳавопаймои АН-28-и ширкати ҳавопаймоӣ мавриди истифода қарор дорад.

Бино ба гуфтаи ӯ, яке аз ҳавопаймоҳои ширкат дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав қарор дорад.

“Мо таъмири техникӣ гузаронидем, лекин мутаасссифона, барои пардохти он пул нест. Ҳозир бо чанде аз ниҳодҳои молӣ гуфтушунид дорем, то ки воситаҳо ҷалб намоем. Умедворам, ки ояндаи наздик ин масъала ҳал мешавад”, – иброз дошт ӯ.

Ҳавопаймои дуюми “Боинг”-и ширкат мудддати тӯлониест, ки барои қарзҳо назди ҶСК “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” таҳти ҳабс қарор дорад.

“Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта мо дар мавриди ин масъала созиш ҳосил намуда, ҳозир ҳабси ин ҳавопаймо бекор шуд. Пас аз анҷоми расмиёти муайян мо метавонем онро истифода кунем”, – иброз дошт Исматуллозода.

Ба гуфтаи директори Агентии авиатсияи гражданӣ Икром Субҳонзода, алҳол мушаххасан гуфтан наметавон, ки кай ширкат парвозҳояшро барқарор мекунад.

“Ин ба бисёр омилҳо вобаста аст, аз ҷумла омодагии техникӣ, ҷалби воситаҳои зарурӣ ва боз дигар омилҳо. Мо ҳама ба ҳарчи зудтар барқарор шудани парвозҳои ширкат бо таърихи беш аз 95-солаи фаъолият манфиатдорем. Ҳарчи зудтар ба фаъолият оғоз намояд, барои ҳама беҳтар аст”, – илова намуд Субҳонзода.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.