Қарзи давлатии Тоҷикистон ба нисфи ММД наздик мешавад

Ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар ба санаи 1 январи соли 2019 зиёда аз 2,9 млрд. долларро ташкил дод, хабар дод вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода. Ин ба 38,9%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ дар соли гузашта баробар аст. Ҳаҷми қарзи дохилӣ бошад, ба гуфтаи вазир, ба 6,8 млрд. сомонӣ (наздики 722 млн. доллар) расид, ки 9,9% […]

Ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар ба санаи 1 январи соли 2019 зиёда аз 2,9 млрд. долларро ташкил дод, хабар дод вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода. Ин ба 38,9%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ дар соли гузашта баробар аст.

Ҳаҷми қарзи дохилӣ бошад, ба гуфтаи вазир, ба 6,8 млрд. сомонӣ (наздики 722 млн. доллар) расид, ки 9,9% аз ҳаҷми умумии ММД-ро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон ба беш аз 3,6 млрд. доллар расида, 48,8% аз ҳаҷми умумии Маҷмӯимаҳсулоти дохилии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Қаҳҳорзода зикр кард, ки соли гузашта ба пардохти қарзи хориҷӣ 224 млн. доллар маблағ равона гардидааст.

Ҳукумати Тоҷикистон давоми соли равон ҷалби қарзҳои хориҷиро дар ҳаҷми 235 млн. доллар ба нақша гирифтааст.

Дар Барномаи охири соли гузашта тасдиқшудаи ҳукумат дар бораи қарзҳои давлатии хориҷӣ барои соли 2019 ва дурнамои нишондиҳандаҳо барои давраи солҳои 2020-2021 гуфта мешавад, тӯли се соли наздик ҷалби 714 млн. доллар чунин қарзҳо дар назар аст.

Ба ин сурат, тибқи пешгӯиҳои ҳукумат охири соли 2020 қарзи хориҷӣ – 3 млрд. 327 млн. ва аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 – 3 млрд. 441 млн. долларро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки қарздиҳандаи асосии хориҷии Тоҷикистон “Эксимбонк”-и Чин мебошад, ки ҷумҳурӣ ба он зиёда аз 2,2 млрд. доллар қарздор аст.

Қарзҳое, ки дар натиҷаи фурӯши коғазҳои қиматнок дар бозорҳои байнулмилалӣ ба вуҷуд омадаанд, 500 млн. долларро ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин Тоҷикистон назди Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд ва Бонки исломии рушд низ дар ҳаҷмҳои начандон зиёд қарздор аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бошед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.