Иттиҳоди Аврупо масъалаи пайвастани Тоҷикистонро ба барномаи НУИ+ меомӯзад

Ҷавобан ба дархости Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳамроҳшавии эҳтимолии кишвар ба "Барномаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба ҳавасмандгардонии махсус баҳри рушди устувор ("НУИ+"), Иттиҳоди Аврупо аз Брюссел ба Душанбе 11-13 феврали соли 2019 ҳайати муштараки техникияшро иборат аз коршиносони Мудирияти кулли бахши савдои Комиссияи Аврупо ва Хадамоти корҳои хориҷии Аврупо равон намуд. Мақсади ҳайати мазкур […]

Иттилоияи расмӣ

Ҷавобан ба дархости Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳамроҳшавии эҳтимолии кишвар ба "Барномаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба ҳавасмандгардонии махсус баҳри рушди устувор ("НУИ+"), Иттиҳоди Аврупо аз Брюссел ба Душанбе 11-13 феврали соли 2019 ҳайати муштараки техникияшро иборат аз коршиносони Мудирияти кулли бахши савдои Комиссияи Аврупо ва Хадамоти корҳои хориҷии Аврупо равон намуд.

Мақсади ҳайати мазкур оғози гуфтушунидҳои ибтидоӣ бо мақомоти дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон оид ба  расмиёти пешниҳоди дархост барои шомил шудан ба "НУИ+" ва фаҳмондани манфиатҳои мушаххаси ин барнома барои Тоҷикистон буд.

Мавзӯъҳои муҳими музокирот соҳаҳои кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим, об ва энергетика, инчунин рушди устувор, пешбурди содирот, тарифҳои гумрукӣ ва волоияти қонун буданд. Ба марҳилаи омодасозии аризаи расмӣ барои "НУИ+" бояд аз нуқтаи назари таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон нигарист. Дар ҳолати қонеъ гардидани аризааш барои шомил шудан ба "НУИ+" Тоҷикистон метавонад ба Иттиҳоди Аврупо зиёда аз 6600 молҳои дар Тоҷикистон истеҳсолшавандаро бо боҷи гумрукӣ аз рўи меъёри сифр ба Иттиҳоди Аврупо содирот намояд.

"НУИ+" барномае дар чаҳорчӯбаи "Низоми умумишудаи имтиёзҳои тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо ("НУИ")" буда, барои кишварҳои  даромадашон аз сатҳи миёна камтар аст, пешбинӣ шудааст. Ин барнома ба давлатҳои шарики Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии татбиқи самараноки конвенсияҳои муҳими байналхалқӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, идорасозии босамар, меҳнат ва ҳуқуқи инсон омилҳои ҳавасмандсозии иловагии тиҷоратиро пешниҳод менамояд.

Қирғизистон яке аз 8 кишварҳоест, ки алакай аз барномаи "НУИ+" баҳра гирифта истодаанд ва Тоҷикистон рағбати амиқ ва омодагии худро ҷиҳати тайёр намудани аризаи расмӣ барои иштирок дар барномаи "НУИ+"  изҳор кардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.