Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзро дар Норак пешвоз мегирад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 20 март ба шаҳри Норак ташриф оварда, дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз дар ин шаҳр иштирок мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Норак. Ба ин муносибат дар майдони марказии шаҳр намоишномаи театришуда бо иштироки устодони санъати ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Қобили зикр аст, ки аввали моҳи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 20 март ба шаҳри Норак ташриф оварда, дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз дар ин шаҳр иштирок мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Норак.

Ба ин муносибат дар майдони марказии шаҳр намоишномаи театришуда бо иштироки устодони санъати ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи феврал муҷассамаи доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Ленин аз майдони марказии шаҳри Норак барканда шуд. Тибқи нақшаи мақомоти шаҳрдорӣ, ба ҷойи он муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гузошта мешавад.

Мақомоти шаҳрдории Норак дар ин маврид мегӯяд, муҷассамаи Ленин ба Боғи фарҳангу фароғати шаҳр кӯчонида хоҳад шуд.

Зимни боздид аз шаҳри Норак сарвари давлат ҳамчунин бо вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр аз наздик шинос шуда, дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншооти нави таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ иштирок ва ба оғози амалисозии якчанд лоиҳаҳои нав ҳусни оғоз мебахшад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.