Туҳфаҳои Рустами Эмомалӣ ба фаъолзанони пойтахт ба ифтихори ҷашни Рӯзи модар

Вохӯрии фаъолзанони шаҳри Душанбе – собиқадорони ҷангу меҳнат бо насли ҷавонзанони пойтахт ба ифтихори ҷашни Рӯзи модар 2 март дар бинои “Душанбе Плаза” доир мегардад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт дар ин робита хабар дод, ба иштирокчиёни вохӯрии мазкур аз номи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешавад. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вохӯрии фаъолзанони шаҳри Душанбе – собиқадорони ҷангу меҳнат бо насли ҷавонзанони пойтахт ба ифтихори ҷашни Рӯзи модар 2 март дар бинои “Душанбе Плаза” доир мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт дар ин робита хабар дод, ба иштирокчиёни вохӯрии мазкур аз номи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешавад. Чорабинии асосии ҷашнии мақомоти шаҳрдорӣ ба ин муносибат дар толри Филамонияи давлатӣ баргузор мешавад.

Дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти шаҳрдорӣ, Дастгоҳи иҷроияи президент ва адибону ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ занонро бо ҷашн табрику таҳният мегӯянд.

Ба ҳамаи иштирокчиёни ин ҷамъомад – наздики як ҳазор фаъолзанони шаҳри Душанбе – аз номи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар бораи таҷлил намудани “Рӯзи Модар” дар шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.