Президенти Тоҷикистон ба таъини муовинони нави раиси вилояти Суғд розигӣ дод

Бо розигии Президенти Тоҷикистон ва тибқи қарорҳои Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Турахонзода ва Рустам Каримзода муовинони Раиси вилоят таъин гардиданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, нимаи дуюми рӯзи 14 феврал дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими муаррифии кадрҳои навтаъиншуда доир шуд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба кадрҳои навтаъиншуда дар […]

Asia-Plus

Бо розигии Президенти Тоҷикистон ва тибқи қарорҳои Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Турахонзода ва Рустам Каримзода муовинони Раиси вилоят таъин гардиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, нимаи дуюми рӯзи 14 феврал дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими муаррифии кадрҳои навтаъиншуда доир шуд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба кадрҳои навтаъиншуда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно кард ва ҷиҳати иҷрои саривақтии қарору фармоишҳо, барномаҳои давлатии соҳавӣ ва дигар санадҳо, инчунин таъмини рушди соҳаҳои хоҷагии халқ дар назди муовинони Раиси вилоят вазифагузорӣ намуд.

Баҳоваддин Турахонзода соли 1976 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро соли 1999 ба ҳайси мутахассиси Раёсати адлияи вилояти Суғд оғоз намуда, сипас дар солҳои гуногун дар вазифаҳои машваратчии Раёсати адлияи вилояти Суғд, машваратчии калони Раёсати адлияи вилояти Суғд, муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд ва нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов кор кардааст.

Аз соли 2013 то 14 феврали соли 2019 дар вазифаи сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд фаъолият дошт.

Рустам Каримзода соли 1972 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Донишгоҳи аграрии давлатии Молдавияро бо ихтисоси агроном-олим хатм кардааст.

Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро соли 1994 дар филиали Институти боғдорию сабзавоткорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшида, дар солҳои гуногун ба сифати ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири шуъбаи институти мазкур, муовини авали сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят, директори Муассисаи давлатии Маркази илми кишоварзӣ дар вилояти Суғд кор кардааст.

Қобили зикр аст, ки муовинони нав ба фаъолияти соҳаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бахши кишоварзии вилоят масъул хоҳанд буд. То ин таъинот раиси вилояти Суғд се муовин дошта, акнун шумори онҳо ба панҷ нафар расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт: роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.