Нигаронии вазири нақлиёт аз вуруди мошинҳои гаронвазн аз Қирғизистон

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода сафири навтаъини Қирғизистон дар Тоҷикистон Ҷаниш Рустамбековро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуда, вазир аз ҳамкориҳои зичу судманд бо Қирғизистон дар соҳаи нақлиёт ҳанӯз аз даврони Иттиҳодӣ Шуравӣ ёдовар шуда, […]

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода сафири навтаъини Қирғизистон дар Тоҷикистон Ҷаниш Рустамбековро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуда, вазир аз ҳамкориҳои зичу судманд бо Қирғизистон дар соҳаи нақлиёт ҳанӯз аз даврони Иттиҳодӣ Шуравӣ ёдовар шуда, қайд намуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳо бо ин ҳамсоядавлат идома хоҳад ёфт.

Сафири Қирғизистон қайд кард, ки бо ҳамсоядавлат ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт густариш хоҳанд ёфт, зеро кишварҳои мо манотиқи кӯҳсор буда, рушди иқтисодӣ маҳз аз роҳҳо вобаста аст ва онҳо шараёнҳои кишварҳо ба шумор мераванд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масълаи ҳамлу нақл тавассути нақлиёти автомобилӣ ибрози андеша шуда, аз вуруди нақлиёти автомобилии гаронвазн ба кишварамон изҳори нигаронӣ шуд.

“Нақлиёти автомобилии гаронвазн ҳам роҳҳои кишвари мо ва ҳам роҳҳои Қирғизистонро, ки бо заҳмати зиёд ва масрафи маблағҳои калон таҷдиду сохта мешаванд, вайрону валангор месозанд. Хуб мешуд, ки ин масъала зудтар ҳалли худро ёбад, зеро он ба манфиати ҳар ду кишвар хоҳад буд”, – иброз дошт вазир.

Вазир ҳамчунин оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди Ваҳдат – Лахш- сарҳади Қирғизистон низ ибрози андеша намуда, оид ба баъзе расмиёте, ки аз ҷониби Қирғизистон мавқуф гузошта шудаанд, даъват кард, ки онҳо тезонида шаванд, зеро сохтмон ва мавриди истифода қарор додани роҳи мазкур ба рушди иқтисодиёти ҳарду кишвар мусоидат мекунад ва чуноне ки маълум аст, интиқолдиҳанда ҳамавақт роҳи кӯтоҳтарро интихоб менамояд.

“Қирғизистон айни замон ба ташрифи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон омодагӣ мегирадбинад. Хуб мешуд агар ин гуна масоили ҳалталаб зимни ташрифи мазкур баррасӣ гардида, миёни сарони давлатҳо муҳокима гарданд. Итминони комил дорам, ки ташрифи Президенти Тоҷикистон ба Қирғизистон ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда такони ҷиддӣ хоҳад бахшид”, – гуфт дар навбати худ сафир.

Зимнан зикр мегардад, ки дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо аз тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда миёни ду кишвар изҳори боварӣ намуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.