Наздики 2,5% аҳолии Тоҷикистон ба шабакаҳои барқ пайваст нестанд

Шумори умумии аҳолии Тоҷикистон, ки то ҳол ба нерӯи барқ дастрасӣ надоранд, 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ. Бино ба иттилои Вазорат, аксари маҳаллаҳои аҳолинишини навбунёд, ки бо назардошти афзоиши шумори аҳолӣ сохта шудаанд, аз дастрасӣ ба нерӯи барқ маҳруманд. “Бо назардошти релйефи маҳал, мавқеи ҷуғрофии дур аз шабакаҳо – ВМКБ […]

Шумори умумии аҳолии Тоҷикистон, ки то ҳол ба нерӯи барқ дастрасӣ надоранд, 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ.

Бино ба иттилои Вазорат, аксари маҳаллаҳои аҳолинишини навбунёд, ки бо назардошти афзоиши шумори аҳолӣ сохта шудаанд, аз дастрасӣ ба нерӯи барқ маҳруманд.

“Бо назардошти релйефи маҳал, мавқеи ҷуғрофии дур аз шабакаҳо – ВМКБ ва маҳаллаҳои аҳолинишини вилояти Хатлони ҳаммарз Афғонистон минтақаи бештар душвор барои таъмин бо нерӯи барқ мебошанд”, – қайд мекунанд дар Вазорат.

Баъзе маҳаллаҳои дигари аҳолинишини маҳрум аз дастрасӣ ба нерӯи барқ ба шабакаи марказии ҳудуди хизматрасонии “Барқитоҷик” нисбатан наздиктар ҷойгиранд.

“Пайвастани онҳо ба шабака ба вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик” вобаста аст, ки айни замон ба мушкили молӣ дучор аст”, – таъкид мешавад дар маълумот.

Зикр мешавад, ки ҳукумат Барномаи солимгардонии ваъъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик”-ро таҳия намуда, он ба самаранокии фаъолият ва беҳбуди вазъи молиявии ширкат нигаронида шудааст.

“Барои маблаггузорӣ ба ин барнома ҳукумат бо дархост ба Бонки ҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд муроҷиат кард”, – илова мешавад дар маълумоти Вазорат.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.