“Померӣ чид” ва рамзҳои замони зардуштиён дар он

Манзили сокинони вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ки бештар бо номи хонаи помирӣ ё худ “Померӣ чид”  маъруф аст, навъи қадимтарину нодири манзил дар Тоҷикистон аст, ки натанҳо рамзҳои замони зардуштиён, балки тарзи сохту соз ва услуби он давраро низ дар худ нигоҳ доштааст. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, тарзу услуби меъмории чунин хона аллакай муддати 2500 сол […]

Манзили сокинони вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ки бештар бо номи хонаи помирӣ ё худ “Померӣ чид”  маъруф аст, навъи қадимтарину нодири манзил дар Тоҷикистон аст, ки натанҳо рамзҳои замони зардуштиён, балки тарзи сохту соз ва услуби он давраро низ дар худ нигоҳ доштааст.

Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, тарзу услуби меъмории чунин хона аллакай муддати 2500 сол аст, ки бетағйир боқӣ мемонад.

“Мебояд дар хотир дошт, ки тамоми расму оинҳои сокинони Помир бо хонаи помирӣ робитаи ногусастанӣ доранд. Худо накарда, агар дар тарзу сохту сози он чизеро иваз ё онро замонавӣ карданӣ шавем, расму оинҳои қадима низ шояд тағйир ёбанд”, – мегӯяд таърихшинос Аловуддин Ширинбеков.

Аз гузориши видеоии мо бо фалсафаи “померӣ чид” аз наздик шинос шуда метавонед.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.