Имкони бародаршаҳрии Данғара бо Сумгаити Озарбойҷон

Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ бо раиси шаҳри Сумгаити Ҷумҳурии Озарбойҷон Зокир Фараҷов дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Данғараи Тоҷикистон ва Сумгаити Озарбойҷонро муҳокима намуданд. Гуфта мешавад, худи ҳамон рӯз […]

Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ бо раиси шаҳри Сумгаити Ҷумҳурии Озарбойҷон Зокир Фараҷов дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Данғараи Тоҷикистон ва Сумгаити Озарбойҷонро муҳокима намуданд.

Гуфта мешавад, худи ҳамон рӯз сафир аз корхонаҳои саноатии Сумгаит боздид намуда, бо  мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саноат бо роҳбарони он ширкатҳо мулоқот намуд.

Қобили зикр аст, ки Данғара нахустин ноҳия дар Тоҷикистон шуда метавонад, ки бо шаҳри хориҷӣ бародаршаҳр мешавад, маъмулан байни шаҳрҳо ин гуна муносибатҳо роҳандозӣ мешаванд.

Айни замон Душанбе бо 17 шаҳри ҷаҳон – Лусака (Замбия), Сано (Яман), Монастир (Тунис), Лоҳур (Покистон), Клагенфурт (Австрия), Боулдер (ИМА), Ройтлинген (Олмон), ҳамчунин Мазори-Шариф (Афғонистон), Теҳрон (Эрон), Шероз (Эрон), Санкт-Петербург (Россия), Минск (Беларус), Урумчи (Чин), Анқара (Туркия), Сямэн (Чин), Ашқобод (Туркманистон) ва Чиндао (Чин) муносибати бародаршаҳрӣ дорад.

Шаҳрҳои Чимкент (Қазоқистон), Оқстафа (Озарбойҷон),  Линколн (ИМА),  Оренбург (Россия) ва Самарқанд (Ӯзбекистон) бародаршаҳри Хуҷанд мебошанд.

Шаҳри Кӯлоб бо Ҳамадон (Эрон) ва Қуния (Туркия) бародаршаҳр аст. Марказҳои маъмурии вилояти Хатлону ВМКБ – шаҳрҳои Бохтару Хоруғ то ҳол бо ҳеҷ кадоме аз шаҳрҳои дунё муносибатҳои бародаршаҳрӣ роҳандозӣ накардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.