Муноқишаи гурӯҳии муҳоҷирони Екатеринбург дар навори видео

Шаби 20 апрел дар яке аз таваққуфгоҳҳои автобуси шаҳри Екатеринбург байни муҳоҷирон муноқишаву занозании гурӯҳӣ сурат гирифтааст. Навори видеои ин муноқишаи дастаҷамъонаи муҳоҷирон дар саҳифаи «RU_CHP: Первый по происшествиям» дар шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» нашр шуд. Тавре аз сабти навори видео дида мешавад, дар ҷойи ҳодиса наздики 20 нафар ба мушоҳида мерасанд, хабар медиҳад “Вести.Ру”. Муаллифи […]

Шаби 20 апрел дар яке аз таваққуфгоҳҳои автобуси шаҳри Екатеринбург байни муҳоҷирон муноқишаву занозании гурӯҳӣ сурат гирифтааст.

Навори видеои ин муноқишаи дастаҷамъонаи муҳоҷирон дар саҳифаи «RU_CHP: Первый по происшествиям» дар шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» нашр шуд.

Тавре аз сабти навори видео дида мешавад, дар ҷойи ҳодиса наздики 20 нафар ба мушоҳида мерасанд, хабар медиҳад “Вести.Ру”.

Муаллифи навори видео иттилоъ медиҳад, ки кормандони хадамоти бехатарии қароргоҳи автобусҳои Екатеринбург ба ҳеҷ гунае ба ин вазъ эътибор надода, кормандони пулисро ҳам даъват накардаанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, муҳоҷирон аз ширкатҳои гуногуни машғул ба хизматрасонӣ ба мусофирон будаанд. Аз навори видео бармеояд, ки дар муноқиша наздики 20 нафар иштирок кардаанд. Дар бораи сабабҳои муноқиша маълумот дода намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.