Шоҳҷоизаи фестивали “Парасту-2019” ба спектакли “Фирдавсӣ” дода шуд

Дар дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии анҷоми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» доир гардид. Шоҳҷоизаи фестивали “Парасту-2019” ба спектакли “Фирдавсӣ”-и  Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ дода шуд. Намоиш аз рӯи романи ҳамноми Сотим Улуғзода таҳия шуда, басаҳнагузорандаи он Султон Усмонов мебошад, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон. […]

Дар дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии анҷоми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» доир гардид.

Шоҳҷоизаи фестивали “Парасту-2019” ба спектакли “Фирдавсӣ”-и  Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ дода шуд. Намоиш аз рӯи романи ҳамноми Сотим Улуғзода таҳия шуда, басаҳнагузорандаи он Султон Усмонов мебошад, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Ба ҷойҳои аввали фестивал операи “Хусрав ва Ширин”-и Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ва спектакли “Қорӣ Ишкамба”-и Театри шаҳри Конибодом ба номи Туҳфа Фозилова аз рӯи асари Садриддин Айнӣ “Марги судхӯр” сазовор дониста шуданд.

Ба ҷойҳои дуюм спектакли “Тартюф”-и Театри драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва спектакли «Вақте ки кӯҳҳо суқут мекунанд…»-и Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аз рӯйи асари нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов соҳиб шуданд. Басаҳнагузорандаи намоиш Нозим Меликов аст.

Театри ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барои спектакли “Карим-девона” ва Театри ҷавонони Хуҷанд барои спектакли “Дили модар” ба зинаҳои сеюми фестивал шарафёб гардиданд.

Шогун Давлатбекова, ҳунарманди Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ва Марина Ярмолик аз Театри драмавии русии ба номи Владимир Маяковский беҳтарин иҷрокунандагони нақшҳои занона дониста шуданд.

Хуршед Мустафоев, боз як ҳунарманди Театри драмавии русии ба номи Владимир Маяковский беҳтарин иҷрокунандаи нақши мардона эътироф гардид.

Ба унвони беҳтарин коргардони фестивал Нозим Меликов аз Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов сазовор дониста шуд.

Қобили аст, ки дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» бахшида ба 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ва 30- солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, 18 театрҳои касбии кишвар намоишномаҳои худро, ки тӯли ду соли охир саҳнавӣ гардидаанд, пешниҳоди ҳакамони озмун ва тамошобинон намуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.