Бепарвоии тоҷикистониён ба ҳатмӣ шудан ё нашудани суғуртаи тиббӣ

Бонки миллии Тоҷикистон айни замон назарсанҷие гузаронида, дар ҷараёни он муносибати аҳолии кишварро ба ҷорӣ шудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ маълум карданист. То ин дам қариб 3,9 ҳазор нафар дар назарпурсӣ ширкат варзида, наздики 80%-и онҳо посух додаанд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳе надоранд. Беш аз 12% ҷорӣ шудани низоми нави пулакии суғуртаи тиббиро дастгирӣ намуда, […]

Бонки миллии Тоҷикистон айни замон назарсанҷие гузаронида, дар ҷараёни он муносибати аҳолии кишварро ба ҷорӣ шудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ маълум карданист.

То ин дам қариб 3,9 ҳазор нафар дар назарпурсӣ ширкат варзида, наздики 80%-и онҳо посух додаанд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳе надоранд.

Беш аз 12% ҷорӣ шудани низоми нави пулакии суғуртаи тиббиро дастгирӣ намуда, ҳудуди 8% бо зикри “аз он ба мардум ягон фоида нест” мухолиф овоз додаанд.

Ба саволи “Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?”, наздики 86% посухи рад дода, 13% қайд кардаанд, ки муроҷиат карда, вале пардохти суғуртавӣ нагирифтаанд. Каме бештар аз 1% посух додаанд, ки муроҷиат намуда, пардохти суғуртавӣ гирифтаанд.

Айни замон дар ташкилотҳи суғуртаи Тоҷикистон (сарфи назар аз шакли моликият) мутобиқи қонун “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ҷараён дорад.

Ҷорӣ кардани суғуртаи ҳатмии тиббӣ мутобиқи қонуни ҳанӯз соли 2008 қабулшуда “Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар ҶТ” мебоист соли 2014 оғоз мегардид, лекин амалисозии ин ташаббуси ҳукумат то соли 2017 ва баъдан то соли 2022 мавқуф гузошта шуд.

Сабаби ба муҳлати дигар мавқуф гузошта шудани ҷорисозии низоми нави суғуртаро дар сохторҳои марбута ба камбуди воситаҳо нисбат медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ  20 ширкат (17 ғайридавлатӣ, 2 давлатӣ ва 1 маркази дастгирии мутақобилаи суғуртавӣ) амал мекунанд. Ширкатҳои нисбатан бузургтар аз рӯи ҳаҷми сармояи оинномавӣ ҶСДММ «Спитамен-Суғурта» (87,7 млн. сомонӣ), КВДС «Тоҷиксармоягузор» (15,6 млн. сомонӣ), КВД «Тоҷиксуғурта» (5,2 млн. сомонӣ), ҶДММ «ҶС «Муин» (2,4 млн. сомонӣ) маҳсуб меёбанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.