Се медали тиллои муштзани тоҷик дар соли равон

Чемпиони Осиё-2019 оид ба бокс – намояндаи Тоҷикистон Баҳодур Усмонов ғолиби Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Исатай Тайманов ва Махамбет Утемисов гардид. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи 11-умибайналмилалӣ ба хотираи Исатай Тайманов ва Махамбет Утемисов аз 4 то 8 июн дар шаҳри Атирауи Қазоқистон баргузор гашт. Гуфта мешавад, дар мусобиқа варзишгарон аз ҷумҳуриҳои […]

Asia-Plus

Чемпиони Осиё-2019 оид ба бокс – намояндаи Тоҷикистон Баҳодур Усмонов ғолиби Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Исатай Тайманов ва Махамбет Утемисов гардид.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи 11-умибайналмилалӣ ба хотираи Исатай Тайманов ва Махамбет Утемисов аз 4 то 8 июн дар шаҳри Атирауи Қазоқистон баргузор гашт.

Гуфта мешавад, дар мусобиқа варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Руссия ширкат карданд.

Баҳодур Усмонов дар вазни 64 кг дар даври муқаддамотӣ ҳарифонашро аз Қазоқистон (2 нафар) ва Озарбойҷон мағлуб кард. Дар марҳилаи ниҳоӣ муштзани маъруфи қазоқро шикаст дод ва сазовори медали тилло гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки ин сеюмин медали тиллои Баҳодур дар соли равон мебошад. Ӯ моҳи феврал дар Мусобиқаи байналмилалии бокс ба хотираи Д. Шопоков дар Қирғизистон ва моҳи апрел дар Чемпионати Осиё дар Тайланд медали тилло ба гардан овехта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.