Ҷасади Турко Дикаев дар қабристони нави Кӯлоб ба хок супурда шуд

Рӯзи 16 июл дар шаҳри Кӯлоб маросими ҷанозаи журналист Турко Дикаев баргузор шуда, ҷасади ӯ дар қабристони нави маҳаллаи Гулбоғ ба хок супурда шуд. Собиқ муҳаррири газетаи “Кулябская правда” Рустам Одинаев бо ёдоварӣ аз кору зиндагии марҳум изҳор намуд, ки “имрӯз мо яке аз беҳтарин журналистони Тоҷикистонро ба роҳи охират гусел мекунем”. Бино ба гуфтаи […]

Билол Шамс, махсус барои asia+

Рӯзи 16 июл дар шаҳри Кӯлоб маросими ҷанозаи журналист Турко Дикаев баргузор шуда, ҷасади ӯ дар қабристони нави маҳаллаи Гулбоғ ба хок супурда шуд.

Собиқ муҳаррири газетаи “Кулябская правда” Рустам Одинаев бо ёдоварӣ аз кору зиндагии марҳум изҳор намуд, ки “имрӯз мо яке аз беҳтарин журналистони Тоҷикистонро ба роҳи охират гусел мекунем”.

Бино ба гуфтаи ӯ, Турко Дикаев аз соли 1976 фаъолияташро дар рӯзномаи “Кулябская правда” оғоз намуда, солҳои тӯлонӣ дар ин нашрия кор кардааст.

“Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мо ҳамроҳ бо Турко нашри газетаро қатъ накарда будем, – ба хотир меорад Одинаев. – Аввали солҳои 2000-ум ӯ ба кор ба нашрияи “Азия-Плюс” даъват шуда, сипас боз ба ҷойи кори пешина баргашт. Ӯ ҳамеша дар хотири мо боқӣ мемонад”.

Зафар Муродов, ҳамкор ва шогирди Турко қайд кард, ки ӯ таҷрибаву дониши худро дар журналистика ба насли нав омӯзонида, мудом кӯшиш мекард, ки ба ҳама кумак кунад.

“Ба туфайли таҷрибаву ҷасорати рӯзноманигории ӯ мардуми оддӣ мушкилоти худро ҳал мекарданд. Ҳаёти Турко беҳуда сипарӣ нашудааст. Имрӯз бисёр одамон ба маросими дафни ӯ омадаанд, то ки эҳтироми худро ба ин рӯзноманигори далеру мушфиқ баён кунанд”, – иброз дошт ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.