Интихоби як сиёҳпӯст ба ҳайси вакили парлумон дар Украина

Дар Украина бори нахуст як сиёҳпӯст вакили порлумони ин кишвар интихоб шуд. Жан Беленюк аз рӯйхати Ҳизби "Ходими халқ" ба порлумон роҳ ёфтааст. Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, бино ба натиҷаҳои пешакӣ, ҳизби "Ходими халқ"-и президенти Украина Владимир Зеленский дар интихобот пешсаф аст. Гуфта мешавад, Беленюк 28 сол дошта, дар шаҳри Киев ба […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Украина бори нахуст як сиёҳпӯст вакили порлумони ин кишвар интихоб шуд. Жан Беленюк аз рӯйхати Ҳизби "Ходими халқ" ба порлумон роҳ ёфтааст.

Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, бино ба натиҷаҳои пешакӣ, ҳизби "Ходими халқ"-и президенти Украина Владимир Зеленский дар интихобот пешсаф аст.

Гуфта мешавад, Беленюк 28 сол дошта, дар шаҳри Киев ба дунё омадааст ва модараш украинӣ аст. Падари Жан Беленюк — зодаи Руанда дар ҷанги шаҳрвандии ин кишвар дар соли 1994 кушта шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки Жан Беленюк пеш аз ворид шудан ба сиёсат бо варзиш машғул буд. Ӯ гуфтааст, пас аз интихобот ба фаъолияти варзишии худ хотима мебахшад ва ҳамчунин ният дорад дар Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио иштирок кунад. Дар Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро барои Украина медали нуқра оварда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.