Гӯшт 38 сомонӣ дар ярмаркаи пеш аз Иди Қурбон дар Хуҷанд

Дар майдони паҳлӯйи театри Камоли Хуҷандӣ бо иштироки раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ширинӣ, обҳои ташнашикан ва дигар ниёзи аввалия ба муносибати Иди саиди Қурбон ҳусни оғоз бахшида шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри […]

Дар майдони паҳлӯйи театри Камоли Хуҷандӣ бо иштироки раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ширинӣ, обҳои ташнашикан ва дигар ниёзи аввалия ба муносибати Иди саиди Қурбон ҳусни оғоз бахшида шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд,  Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ярмарка ба масъулини дахлдор ҷиҳати боз ҳам фаровон намудани ин тадбири муҳими аҳамияти иҷтимоидошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки бояд нархи фурӯши маҳсулот аз бозор 10-20 фисад арзон бошад. Таваҷҷуҳи бештар ба афзун намудани номгуйи маҳсулоти ниёзи аввалия карда шуд, то ин, ки дастархонаи идонаи мардум бо нархҳои дастрас таъмин карда шавад.

Раиси вилояти Суғд дар назди харидорон ва фурӯшандагон таъкид намуд, ки ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ширинӣ, обҳои ташнашикан ва дигар ниёзи аввалия дар остонаи Иди саиди Қурбон тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фаровон ва ғанӣ намудани хони идонаи мардум сурат гирифта, минбаъд ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ ташкил карда мешавад.

Гуфта мешавад, ҳамзамон ба муносибати Иди саиди Қурбон ба 20 ҳазор нафар оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманди шаҳру навоҳии вилоят кӯмаки яквақттаинаи маводи аввали озуқа расонида мешавад.

Дар ярмарка нархи як халта орди 50 килоӣ 150 сомонӣ, як кило гӯшти гӯсфанд ва гов 38 сомонӣ, як кило гӯшти мурғ 20 сомонӣ, як кило биринҷ 9 сомонӣ, як кило картошка 1 сомонӣ, як кило сабзӣ 2 сомонӣ, як кило пиёз 2 сомонӣ ва ғайра арзиш доштанд. Дар ярмаркаи мазкур хоҷагиҳои кишоварзии вилоят маҷмуъан беш аз 150 тонна маҳсулот пешкаш намуда буданд.

Зикр мегардад, ки дар ҳамин ҷо, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиати як зани камбизоти шаҳри Хуҷанд Тӯхтаҷон Файзиеваро, ки азми тӯйи хонадоршавии писарашро намудааст, мавриди баррасӣ қарор дода, ба номбурда 100 кило биринҷ, 40 кило равған, 40 кило гӯш ва ҳамин миқдор картошкаю сабзӣ ва меваҷот харидорӣ ва тӯёна намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.