Иштироки теннисбозони навраси 10 кишвар дар мусобиқаи Ҷоми Президенти Тоҷикистон

Давоми рӯзҳои 23-27 август дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи X байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасони то 17-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, мусобиқа дар асоси тақвими чорабиниҳои варзишии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи тенниси Тоҷикистон […]

Давоми рӯзҳои 23-27 август дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи X байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасони то 17-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, мусобиқа дар асоси тақвими чорабиниҳои варзишии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи тенниси Тоҷикистон доир мегардад,

Гуфта мешавад, дар мусобиқа варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Белорус, Канада, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва ИМА дар назар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 12 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Қувваозмоиҳо дар корти тенниси “Роҳи оҳан” доир мегарданд.

Хотиррасон мешавад, ки мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон cоли даҳум аст, ки бо мақсади муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни варзишгарон баргузор мешавад.

Мусобиқа 4 рӯз дар ҳайати инфиродӣ ва даставӣ миёни писарону духтарон идома ёфта, дар ҷамъбаст ба ғолибон 1000 доллари ШМА, ҷои дуюм 800 доллар ва ҷои сеюм 500 доллари ИМА ҷоизапулӣ тақдим мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.