Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  9.6892 сомонӣ; 1 евро – 10.6291 сомонӣ; 1 рубли русӣ – 0.1450 сомонӣ.  ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Рӯзи кормандони бахши ҳавопаймоии Тоҷикистон Рӯзи Гвардияи миллӣ. 1933 – Бори нахуст кӯҳнавардон қуллаи баландтарини ИҶШС […]

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6892 сомонӣ;

1 евро – 10.6291 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1450 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи кормандони бахши ҳавопаймоии Тоҷикистон

Рӯзи Гвардияи миллӣ.

1933 – Бори нахуст кӯҳнавардон қуллаи баландтарини ИҶШС – қуллаи Сталин (баъдтар қуллаи Коммунизм, феълан қуллаи Исмоили Сомонӣ – 7495 метр)-ро фатҳ намуданд.

2001 – Дар қаламрави кишвар тангаҳои металлии арзишашон 1, 2, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25 ва 50 дирамӣ ба муомилот бароварда шуданд.

2005 – Пахши барномаҳои шабакаи дуюми телевизиони ҷумҳуриявии «Сафина» шурӯъ шуд.

2010 — Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фурудгоҳи Айнии Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд.

1925-2010 – Зодрӯзи сарояндаи маъруфи шашмақом Шоиста Муллоҷонова

1929-1996 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ, профессор, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон Минҳоҷ Ғуломов.

1949 – Зодрӯзи журналист, Корманди шоистаи Тоҷикистон, сардабири «Народная газета» Владимир Воробёв.

1954 – Мавлуди доктори улуми кишоварзӣ Толиббек Бухориев.

1966-1992 – Зодрӯзи журналист Ҷамшед Давлатмамадов.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 27 август аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.