Боз як муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Рӯзи 3 сентябр дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи навбатӣ ба амал омад. Сабаби муноқиша оғози сохтмони ғайриқонунии бозор дар яке аз қитъаҳои баҳсӣ унвон мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Исфара хабар дод, шаҳрвандони Қирғизистон кӯшиш кардаанд, ки дар яке аз қитъаҳои баҳсноки сарҳад дар мавзеи ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара ба […]

Рӯзи 3 сентябр дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи навбатӣ ба амал омад. Сабаби муноқиша оғози сохтмони ғайриқонунии бозор дар яке аз қитъаҳои баҳсӣ унвон мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Исфара хабар дод, шаҳрвандони Қирғизистон кӯшиш кардаанд, ки дар яке аз қитъаҳои баҳсноки сарҳад дар мавзеи ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара ба сохтмони бозор шурӯъ намоянд.

“Аз ин кори шаҳрвандони кишвари ҳамсоя сокинони деҳаҳои наздимарзии Исфара норозигӣ изҳор намуда, ба оғози сохтмон монеъа шуданд. Дахолати намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрдории Исфара ба хушӣ анҷом ёфтани муноқиша мусоидат кард”, – гуфт манбаъ.

Бино ба гуфтаи ӯ, наздикиҳои шом пас аз ба корашон хотима бахшидани шаҳрвандони Қирғизистон мардуми ҷамъшуда ба хонаҳояшон пароканда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев дар саҳифаи фейсбукиаш дар ин робита навиштааст, ки муноқиша байни сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва деҳаи Урта-Бӯзи ноҳияи Ботканди Қирғизистон рух додааст.

“Муноқиша аз он сабаб сар зад, ки сокинони деҳаи кишвари ҳамсоя худсарона ва бидуни мувофиқа, нодида гирифтани санади баимзорасидаи Комиссияи байниҳукуматии таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳад, бо дастгирии сарҳадбонон ва нерӯҳои таъиноти махсус ба қаламрави маъмурии деҳаи Тоҷикистон ворид шуданд, ки ба норозигии сокинони маҳаллӣ боис шуд”, – навиштааст номбурда.

Ӯ ҳамчунин қайд кардааст, ки раҳбарият ва шахсони масъули маъмурияти шаҳр, ҳамчунин намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ба эътидол овардани вазъ чораҷӯӣ намуданд. Айни замон вазъ дар макони муноқиша амну ором аст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бошад, навори видео аз макони ҳодиса нашр шуд.

“Мо дар қаламрави худ хостем, ки роҳро асфалтпӯш кунем, лекин сокинони деҳаи Қирғизистон норозигӣ изҳор намуда, дар натиҷа аз ҳарду ҷониб мардуми зиёде ҷамъ шуд. Сарҳадбонони қирғиз ба ҳаво тир холӣ карданд, маълум набуд, ки ин барои тарсонидани мост ё шаҳрвандони худ”, – мегӯяд муаллифи навори видео.

https://www.youtube.com/watch?v=tF_BAcW8d6A

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.