Дарёфти обсофкунаки замони салтанати Сомониён дар қасри Ҳулбук

Ба бостоншиносони тоҷик муяссар шуд, ки дар шаҳраки қасри Ҳулбук ашёи нодири таърихиро дарёфт кунанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, кормандони «Осорхона – мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук» чанде қабл зимни экспедитсияи бостоншиносӣ аз ҳудуди ёдгории қасри Ҳулбук ашёи нодири таърихӣ кашф намуданд. Гуфта мешавад, тибқи маълумоти бостоншиносон ин бозёфти таърихӣ «обсофкунак» ё […]

Ба бостоншиносони тоҷик муяссар шуд, ки дар шаҳраки қасри Ҳулбук ашёи нодири таърихиро дарёфт кунанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, кормандони «Осорхона – мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук» чанде қабл зимни экспедитсияи бостоншиносӣ аз ҳудуди ёдгории қасри Ҳулбук ашёи нодири таърихӣ кашф намуданд.

Гуфта мешавад, тибқи маълумоти бостоншиносон ин бозёфти таърихӣ «обсофкунак» ё «обполак» ном дорад, ки мансуб ба асрҳои IX-X, яъне замони салтанати Сомониён мебошад.

“Ин бозёфти ҷолиби таърихӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар асрҳои IX- X дар қасри Ҳулбук шабакаи васеъи обтаъминкунӣ фаъолият дошт ва аҳолии он минтақаро бо оби софи ошомиданӣ таъмин менамуд”, – омадааст дар маълумоти Вазорат.

Зимнан зикр мегардад, ки директори осорхона бостоншинос Абдулло Хоҷаев изҳор намудааст, ки бозёфти мазкур дастоварди муҳими бостоншиносӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбад.

Қалъаи Ҳулбук таърихи қадима дорад. Ин қалъа нишонае аз таърихи тамаддуни миллати тоҷик миёни мавзеъҳои дигар мақоми шоистаро касб кардааст. Дар рӯ ба рӯи қалъа осорхонаи таърихии он воқеъ аст. Ин осорхона имрӯз ба макони сайёҳӣ табдил ёфта дар он тамоми ёдгориҳои таърихӣ ва осори гаронбаҳо боқӣ мондааст.

Дар осорхонаи Ҳулбук тамоми бозёфтҳои нодири қадимӣ, аз ҷумла асбобҳои рӯзгор, зарфҳои шишагиву сафолӣ, ороишоти занона, кӯзаҳои сафолию биринҷӣ, маҳсулотҳои оҳангарӣ, косибӣ, заргарӣ, тангаҳову китобҳои таърихӣ ва дигар олоте, ки аз санг офарида шудааст, дар онҷо нигоҳ дошта мешавад. Ҳар як гӯшаи ин қалъа бо сабку усули хоса ва маҳорати баланди меъморӣ бунёд ёфтааст, ки аз завқи баланди ҳунармандони он замон гувоҳӣ медиҳад.

Қалъаи Ҳулбук ороишоти наҷибу фаровоне дорад. Яке аз суннатҳои ниёгони ин қалъа инъикоси санъати меъморӣ мебошад, ки ёдгоре аз таърихи гузаштаи миллати тоҷик ба шумор меравад. Маҳз ба ҳамин хотир тасвирҳову зебоӣ ва шукӯҳи санъати қалъаи Ҳулбук беҳамтост.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.