CPJ: Ҳукуматдорони тоҷик дастрасиро ба сомонаи “Азия-Плюс” бояд таъмин кунанд

Кумитаи ҳимояи ҳуқуқи журналистон (CPJ) дар мавриди дастнорас будани сомонаи Хабаргузории “Азия-Плюс” изҳори нигаронӣ изҳор кард. “Бо назардошти мақоми поини Тоҷикистон дар феҳристҳои озодии матбуот, мушкили дастрасӣ ба сомонаи Хабаргузории “Азия-Плюс” ва зоҳир нашудани таваҷҷуҳ ба ин масъала боиси ташвиш аст”, – изҳор доштааст ҳамоҳангсози барномаи CPJ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Ню-Йорк Гулноза Саид. Ҳукуматдорони […]

Кумитаи ҳимояи ҳуқуқи журналистон (CPJ) дар мавриди дастнорас будани сомонаи Хабаргузории “Азия-Плюс” изҳори нигаронӣ изҳор кард.

“Бо назардошти мақоми поини Тоҷикистон дар феҳристҳои озодии матбуот, мушкили дастрасӣ ба сомонаи Хабаргузории “Азия-Плюс” ва зоҳир нашудани таваҷҷуҳ ба ин масъала боиси ташвиш аст”, – изҳор доштааст ҳамоҳангсози барномаи CPJ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Ню-Йорк Гулноза Саид.

Ҳукуматдорони тоҷик бояд мушкилро ошкор ва ба таъмини дастрасии сомона кумак кунанд, то ки ҷомеа ба иттилоот дастрасӣ дошта бошад, омадааст дар изҳороти CPJ.

Кумита зикр мекунад, ки аз 19-уми август сомона ва суроғаҳои почтаи электронии нашрия дастнорасанд. То ин дам дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс” муддати сол қатъ шуда буд.

Ду домени асосии «Азия-Плюс» – news.tj ва asiaplus.news айни замон ҳатто тариқи VPN дастнорасанд. Рӯзи 19-уми август дар сабти техникӣ ба DNS-сервери мо дар калимаи «cloudflare» ба ҷойи ҳарфи “О” рақами 0 (сифр) хато пайдо шуд.

“Ин шояд хато ё ҳамлаи рахнагарон бошад, лекин Феҳристи миллии доменҳо шикояти “Азия-Плюс” ва ширкати «Eastera»-ро, ки хостингро пешниҳод мекунад, таҳқиқ накардааст”, – баён мешавад дар маълумот.

CPJ ҳамчунин ба Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, ки масъули доменҳо аст, дархости электронӣ фиристодааст, лекин то ҳол шарҳашро нагирифтааст.

Ёдрас мекунем, ки Букет Ҷошкунер, ҳамоҳангсози муоширати байнулмилалӣ дар Корпоратсияи байнулмилалӣ оид ба идоракунӣ ба номҳои доменӣ ва IP-суроғаҳо (ICANN) қаблан зимни посух ба суолҳои Радиои Озодӣ изҳор дошт: “Ба мо маълум аст, ки ном (username) ва калидвожа (password)-е, ки asiaplus.Itd барои ворид шудан ба номи домейн дар сайти сабтшудааш истифода мекунад, рахна шудааст ва як шахси ғайримутасаддӣ ин нишондодро тағйир додааст. Вале мо намедонем, ки инро чӣ касе анҷом додааст”.

“Ҳамаи ҷонибҳо, яъне “худи “Азия-Плюс”, регистратор ё ниҳоди сабткунанда ва ниҳоде, ки дар он доменҳои .tj сабтином мешаванд, бояд таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳодисаи рухдодаро ба роҳ монда, нуқтаҳои заъфро пайдо кунанд”, – гуфтааст Ҷошкунер.

Ба мактубу муроҷиатҳои “Азия-Плюс”, ки дар онҳо хато дар номи домени сомонаи асосӣ «Азия-Плюс» (news.tj) зикр шудааст, мақомоти дахлдор посух намедиҳанд.

Айни замон ба сомонаи иттилоотии “Азия-Плюс” тариқи VPN бо домени нав – asiaplus.news метавон ворид шуд.

Ҳамчунин хабарҳои моро дар каналҳои Telegram https://t.me/asiaplus (ба забони русӣ), https://t.me/asiaplustj (ба забони тоҷикӣ) ва дар Viber https://viber.com/asia-plus дарёфт карда метавонед. Хабарҳои мо дар саҳифаамон дар Facebook https://www.facebook.com/newstj/ низ қобили дарёфт аст. Ба Дзен-канал –  https://zen.yandex.ru/newstj ва Инстаграми мо – https://www.instagram.com/asiaplustj/ обуна шавед.

Метавонед тариқи суроғаҳои нави мо бо “Азия-Плюс” дар робита бошед:

* Идора – [email protected]

* Радио – [email protected]

* Хадамоти рекламавӣ – [email protected]

* Обуна ба иттилоот – [email protected]

* Масъалаҳои маъмурӣ – [email protected]

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.