Созишномаи сохтмони пул дар болои дарёи Панҷ барои тасдиқ ба парлумон ирсол шуд

Ҳукумати Тоҷикистон созишномаи бо Бунёди Оғохон баимзорасидаро дар бораи сохтмони пули нав бо Афғонистон ҷиҳати тасдиқ ба парлумон фиристод. Созишномаи мазкур рӯзи 12-уми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд. Дар санад бунёди пули 180-метра бо роҳи мошингард (18,5 километр) дар қитъаи Кокули ноҳияи Фархор пешбинӣ шудааст. Пули нав ноҳияи Фархорро бо […]

Ҳукумати Тоҷикистон созишномаи бо Бунёди Оғохон баимзорасидаро дар бораи сохтмони пули нав бо Афғонистон ҷиҳати тасдиқ ба парлумон фиристод.

Созишномаи мазкур рӯзи 12-уми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.

Дар санад бунёди пули 180-метра бо роҳи мошингард (18,5 километр) дар қитъаи Кокули ноҳияи Фархор пешбинӣ шудааст. Пули нав ноҳияи Фархорро бо мавзеи Ойхонуми вилояти Тахори Афғонистон пайваст мекунад.

Дар доираи амалисозии созишнома ҳамчунин байни ноҳияҳои Восеъ ва Фархор 50 километр роҳи мошингард сохта мешавад.

Иҷрои ин корҳо аз ҷониби Комиссияи Аврупо тавассути Бонки рушди Олмон ва “Барномаи минтақавии ҳамгиройӣ: Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон” маблағгузорӣ мешавад.

То ҳол дар болои дарёи Панҷ ҳафт пул сохта шудааст, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайванданд. Шаштои онҳо (5-то дар қаламрави ВМКБ ва 1-то дар қаламрави ноҳияи Шамсиддини Шоҳин) аз ҷониби Бунёди Оғохон сохта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.