Таъсиси Палатаи савдои Тоҷикистону Британия Кабир

Дар рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, 9-уми сентябр дар Душанбе Палатаи савдои Тоҷикистону Британияи Кабир таъсис дода шуд. – Он ба рушди тиҷорату савдо ва маҷрои воридшавии сармоя байни Тоҷикистону Британияи Кабир равона шудааст, – қайд мешавад дар маълумоти дар саҳифаи Facebook нашршудаи палата. “Ба ин ҳадаф мо ба воситаи муносибатҳои савдои дуҷониба, баргузории вохӯриҳо дар […]

Дар рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, 9-уми сентябр дар Душанбе Палатаи савдои Тоҷикистону Британияи Кабир таъсис дода шуд.

– Он ба рушди тиҷорату савдо ва маҷрои воридшавии сармоя байни Тоҷикистону Британияи Кабир равона шудааст, – қайд мешавад дар маълумоти дар саҳифаи Facebook нашршудаи палата.

“Ба ин ҳадаф мо ба воситаи муносибатҳои савдои дуҷониба, баргузории вохӯриҳо дар сатҳҳои гуногун ва тариқи рушди ташаббусҳои хизматгузорӣ ноил мегардем. Мо ба роҳёбӣ ба бозор, логистика, ташхиси ҳуқуқӣ, ҳамчунин пешниҳоди машваратҳои касбӣ кумак мекунем, то ки ба густариши муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими дӯстии минбаъда мусоидат намоем”, – зикр шудааст дар маълумот.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузашта 7,3%-ро ташкил дод.

Стратегияи миллии тарҳрезишудаи Тоҷикистон якчанд бахшҳои стратегӣ (савдо, саноат, кишоварзӣ, зерсохтор, нақлиёт ва логистика, маориф, энергияи барқароршаванда)-ро дар бар мегирад, ки рушди онҳо натанҳо ба иқтисоди дохилӣ, балки ба иқтисоди ҳамсоякишварҳо низ манфиатовар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.