Интиқол ё гирифтани пул тариқи «Сбербанк Онлайн» чӣ гуна аст?

Чор бонки Тоҷикистон якбора ба низоми интиқолҳои фаврии «Сбербанк»-и Русия тариқи рақами телефон пайваст шуданд. Акнун мизоҷони бонки Русия бо кумаки замимаи «Сбербанк Онлайн» пулро ба муштариёни ТАҚХ “Душанбе Сити”, “Коммерсбонк” ва “Спитамен Бонк”-и Тоҷикистон гузаронида метавонанд. Аввали моҳи октябр ба мизоҷони “Бонки Эсхата” низ фароҳам шудани чунин имкон ваъда шудааст. Комиссия дар сатҳи 1% […]

Чор бонки Тоҷикистон якбора ба низоми интиқолҳои фаврии «Сбербанк»-и Русия тариқи рақами телефон пайваст шуданд.

Акнун мизоҷони бонки Русия бо кумаки замимаи «Сбербанк Онлайн» пулро ба муштариёни ТАҚХ “Душанбе Сити”, “Коммерсбонк” ва “Спитамен Бонк”-и Тоҷикистон гузаронида метавонанд. Аввали моҳи октябр ба мизоҷони “Бонки Эсхата” низ фароҳам шудани чунин имкон ваъда шудааст.

Комиссия дар сатҳи 1% ва маблағи ба ҳадди ниҳоӣ имконпазири интиқол – 50 ҳазор рубл муқаррар шудааст.

Пулро метавон бо рубли русӣ интиқол дода, зимни гузаштан ба корт дар Тоҷикистон он ба асъори маҳаллӣ табдил дода мешавад.

Айни замон хизматрасонӣ ба соҳибони дастгоҳҳои мобилии дорои низоми амалиёти Android дастрас буда, охири моҳи оянда дастрасӣ дар смартфонҳо бо iOS низ имконпазир мешавад.

Дар замимаи мобилии «Сбербанк Онлайн» чӣ гуна пулро метавон интиқол дод?

Дар аввал ба телефон баргирифтан (скачать)-и замимаи «Сбербанк Онлайн» зарур аст. Онро метавон аз Google Play, ҳамчунин App Store дар телефони худ баргирифт.   

Интиқол ба корти бонки дигар

Амали 1

Интихоб кардани бахши «Платежи».

Амали 2

Пахши тугмаи «За рубеж».

Амали 3

Чидани рақами корти қабулкунанда, тасдиқ кардани рақами корт бо пахши тугмаи «Продолжить».

Амали 4

Зикр кардани миқдори маблағи интиқол ва пахши тугмаи «Продолжить». Тасдиқ кардани интиқоли худ.

Пулро чӣ тавр метавон гирифт?

Барои гирифтани пули интиқолшуда аз Русия тариқи замимаи мобилии «Сбербанк Онлайн», дар яке аз чор ташкилоти қарзии дар боло зикргардидаи Тоҷикистон корти бонкӣ доштан лозим аст.

Дар муддати чанд сония баъди анҷоми интиқол ба телефони пулгиранда дар бораи аз замимаи мобилии «Сбербанк Онлайн» интиқол ёфтани пул паёмак (смс) ва push-огоҳинома меояд.

Воситаҳои пулӣ ба корти бонкии қабулкунанда ворид гардида, бо он метавон маблағи молу маҳсулот ва хизматрасониҳоро пардохт намуда, ҳамчунин аз ҳама банкоматҳои кишвар пули нақд гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.