Даъвати мудири кулли ЮНЕСКО ба ҷашни 5500-солагии Саразм

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 24 сентябр дар Ню-Йорк бо мудири кулли Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, вохӯрӣ дар ҳошияи кори Иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ дар қароргоҳи СММ доир гардид. Гуфта мешавад, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо […]

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 24 сентябр дар Ню-Йорк бо мудири кулли Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, вохӯрӣ дар ҳошияи кори Иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ дар қароргоҳи СММ доир гардид.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зикр мегардад, ки сарвазири Тоҷикистон аз мудири кулли ЮНЕСКО ҷиҳати иштирок дар ҷашни 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм, ки дар соли 2020 баргузор мегардад, даъват ба амал овард.

Қобили зикр аст, ки ҷашни 5500-солагии шаҳраки Саразм ҳамчун маркази ташаккули фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон санаи 12 сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент баргузор мешавад.

Хароҷоти пулӣ барои таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм дар маҷмӯъ зиёда аз 67,2 млн. сомонӣ (7,1 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ёдгории таърихии Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардид. Ин ёдгорӣ дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45 километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Ба гуфтаи бостоншиносон, сар аз охири ҳазораи IV-уми пеш аз милод шаҳри Саразм ба яке аз марказҳои ҳунармандии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад ва ба ин захираҳои бойи тилло, нуқра, мис, сурб ва руҳ дар кӯҳҳои болооби дарёи Зарафшон мусоидат кардааст.

Саразм, ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, аҳамияти бузурги илмӣ, таърихӣ ва байналхалқӣ мебошад. Ин яке аз ёдгориҳои аввалини мероси ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон башумор меравад. Шаҳрак яке аз қадимтарин нуқтаҳои аҳолинишин ва далелҳои рушди пешрафти шаҳрсозӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Соли 2010 дар руйхати ёдгориҳои таърихии чаҳонии ЮНЕСКО ба қайд гирифта шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.