Наҷосат дар ҷӯйбор. Вазъи кӯчае дар ноҳияи Рӯдакӣ

Кӯчаи Истиқлол дар ноҳияи Рӯдакиро бе даҳону бинии пӯшида гузаштан амри маҳол аст. Дар ҳамаи ҷӯйборҳо ба ҷойи об ифлосиҳо аз шабакаи обу корез равон аст. Ба қавли сокинонии хонаҳои баландошёнаи кӯча, онҳо 20 сол инҷониб дар ин ҷо иқомат доранд. Аввали солҳои 2000-ум пойгоҳҳои обкашӣ дуздида шуда, партовҳо бо ҷараёни худ равон шуданд. Баъзан […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Кӯчаи Истиқлол дар ноҳияи Рӯдакиро бе даҳону бинии пӯшида гузаштан амри маҳол аст. Дар ҳамаи ҷӯйборҳо ба ҷойи об ифлосиҳо аз шабакаи обу корез равон аст.

Ба қавли сокинонии хонаҳои баландошёнаи кӯча, онҳо 20 сол инҷониб дар ин ҷо иқомат доранд. Аввали солҳои 2000-ум пойгоҳҳои обкашӣ дуздида шуда, партовҳо бо ҷараёни худ равон шуданд.

Баъзан аз сабаби ноқисии қубурҳо наҷосат ба ҷӯйборҳо баромада, сипас ҳамроҳи об ба дарёи Кофарниҳон ҷорӣ мешавад.

“Ин ҷо хеле бадбӯй ва барои саломатӣ хатарнок аст. Кӯдакони мо тез-тез ба бемории зарпарвину домана гирифтор мешаванд. Набераам ба ҷӯйбор афтода буд, 10 рӯз дар бемористон узвҳои дохилиашро тоза карданд”, – мегӯяд сокини маҳаллӣ Мавҷигул Ёрмамадова.

Барои таъмиру навсозии қубурҳо маблағи зиёд лозим буда, сокинон дар ин кор аз ҳукуматдорони маҳаллӣ кумак мехоҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.