Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар бинои парлумони Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир мегардад. Оғоз соати 10:00; – Дар Эрон мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ оғоз мегардад. Дар гурӯҳи “А” Тоҷикистон бо дастаи Непал рақобат мекунад. Оғози бозӣ соати 14:30 бо вақти Душанбе; – Дар машқгоҳи […]

АНОНС

– Дар бинои парлумони Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир мегардад. Оғоз соати 10:00;

– Дар Эрон мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ оғоз мегардад. Дар гурӯҳи “А” Тоҷикистон бо дастаи Непал рақобат мекунад. Оғози бозӣ соати 14:30 бо вақти Душанбе;

– Дар машқгоҳи “Ҳарб-Майдон” дар Тоҷикистон бо иштироки беш аз се ҳазор ҳарбиён аз Тоҷикистону Арманистон, Беларусу Қазоқистон ва Қирғизистону Русия тамринҳои низомии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ “Бародарии шикастнопазир” ҷараён доранд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6938 сомонӣ;

1 евро – 10.7902 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1520 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2010 — Дар Суғд ба хотираи ёдбуди нахустин омӯзгорони рус, ки замони барқароршавии ҳокимияти шӯравӣ ба Хуҷанд барои маҳви бесаводӣ омада буданд, муҷассама ифтитоҳ гардид.

1956 – Зодрӯзи собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон Руқия Қурбонова.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 23 октябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.