Фермерҳои тоҷик даромади умумии худро то 194% афзуданд

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Ҳукумати вилояти Хатлон чорабинӣ оид ба дастовардҳои лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда”, ки аз тарафи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, дар давоми чор соли охир дар Тоҷикистон […]

Иттилоияи расмӣ

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Ҳукумати вилояти Хатлон чорабинӣ оид ба дастовардҳои лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда”, ки аз тарафи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, дар давоми чор соли охир дар Тоҷикистон баргузор намуд.

Тавре сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад, чорабинии мазкур саҳми Ҳукумати ИМА-ро дар зиёд намудан, гуногун сохтан ва боло бурдани арзиши маҳсулот, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади ҳалли норасоии ғизо ва зиёд намудани маҳсулот дар бозор дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон қайд намуд.

Дар чорабинӣ Кордори муваққваии Сафорати ИМА Ҷон Гинкел, муовини раиси вилояти Хатлон ҷаноби Умед Зоҳирзода, намояндагони давлатии бахши кишоварзӣ ва обёрӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва маҳалии ҷомеаи шаҳрвандӣ, аъзоёни ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва баҳрагирандагони лоиҳа аз 12 минтақаҳои интихобгардидаи вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Дар муддати чаҳор соли охир, лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” ба зиёда аз 140,000 хонаводаҳо, аз ҷумла омӯзишҳо оид ба баланд бардоштани маҳсулнокии зироатҳои мавсимии соҳаи кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ ва дастгирӣ бо технологияҳо ва таҷрибаҳои пешрафта барои 127,250 занон дар қаламрави вилояти Хатлон кӯмак расонд.

Лоиҳа тавассути технологияҳо ва таҷҳизотҳои муосир, навъҳои зироат ва таҷрибаҳои мукаммали идоракунии заминҳои киштро дар 93,000 га ва аз ҷумла 82,500 га заминҳои обёришаванда такмил додааст. Ин дастгирӣ воридоти ҳашт зироати нави сабзавотӣ ва 39 навъи мева, сабзавот ва чормағзро дар бар гирифт; аз он ҷумла насби 52 таҷҳизотҳои обченкунӣ ва инчунин беҳтар намудани зоти чорво ва соҳаи коркарди маҳсулотҳои ширӣ дар бар гирифт.

Дар натиҷаи ин ташаббусҳо, хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ маҷмӯи даромади умумии худро то 194 фоиз афзоиш доданд ва беш аз 3 миллион доллар фоида аз фуруши маҳсулот ба даст оварданд.

Озуқаворӣ ба хотири оянда – ташаббуси Ҳукумати ИМА бар зидди гуруснагӣ ва амнияти озуқаворӣ дар сатҳи глобалӣ барои коҳиш додани камбизоатӣ, гуруснагӣ ва камғизоӣ дар минтақаҳои ҷуғрофие, ки иқтидори бештар барои рушди устувор доранд, равона шудааст.

Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” бо мақсади расонидани кӯмак ба соҳибкорон, деҳқонон, ва боғпарварони минтақаи вилояти Хатлон, ки дар он тақрибан 83 фоизи аҳолӣ бо кишоварзӣ машғул аст, вале то ҳол дар ин минтақаҳо хонаводаҳо мутаносибан камбизоатанд, аз камбудии озуқаворӣ танқисӣ мекашанд ва ба норасогии ғизо дучор ҳастанд.

Кўшишҳо бо мақсади беҳтар намудани сифат ва афзоиши истеҳсоли сабзавот, меваҳо ва маҳсулоти ширӣ, дастрасӣ ба оби ирригатсионӣ, баланд бардоштани даромади хонаводаҳо ва гуногун сохтани ғизои занон ва кӯдакони синни то ду сола равона карда шуданд.

Лоиҳа инчунин бо истифода аз технология ва таҷрибаҳои муосир дар бахшҳои рушди устувори соҳаи  кишоварзӣ, бахусус истеҳсоли сабзавот, боғу токпарварӣ, маҳсулоти ширӣ ва бахши обёрӣ фаъолият менамояд.

Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири ояда”, ки аз тарафи USAID маблағгузорӣ мешавад, яке аз намунаи дастгирии Ҳукумати ИМА аст, ки дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ тавассути коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар намудани вазъи озуқаворӣ, алалхусус вазъи занон ва кудакон мебошад. 

USAID яке аз агентиҳои пешрави Ҳукумати ИМА аст, ки барои коҳиш додани камбизоатии шадид дар ҷаҳон фаъолият мебарад ва ба ҷомеаҳои демократии устувор барои амалигардонии иқтидорашон кӯмак мерасонад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.