Содироти беш аз 20%-и барқи Тоҷикистон ба хориҷи кишвар

Моҳи гузашта беш аз 20%-и нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба хориҷи кишвар содирот шуд. Тавре дар гузориши Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон” қайд мешавад, моҳи сентябри соли равон аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми зиёда аз 307 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол шудааст, ки 20,5% аз […]

Моҳи гузашта беш аз 20%-и нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба хориҷи кишвар содирот шуд.

Тавре дар гузориши Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон” қайд мешавад, моҳи сентябри соли равон аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми зиёда аз 307 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол шудааст, ки 20,5% аз ҳаҷми умумии истеҳсолро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар дар моҳи сипаришуда беш аз 1,5 млрд. кВт/соатро ташкил додааст.

Аз ҷумла, наздики 165 млн. кВт/с нерӯи барқ ба Ӯзбекистон, қариб 130 млн кВт/с ба Афғонистон ва зиёда аз 12 млн. кВт/с ба Қирғизистон содирот шудааст.

Ҳамин тариқ, давоми ҳашт моҳ Тоҷикистон ба ин кишварҳо беш аз 2,8 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол додааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, аз ҳисоби содироти нерӯи барқ дар ин давра ҷумҳурӣ 85,4 млн. доллар даромад гирифтааст.

Соли равон Тоҷикистон ният дорад, ки дар маҷмӯъ наздик 3,5 млрд. кВт/соат нерӯи барқро ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.

Дар ҳамин ҳол, дар сохторҳои энергетикии кишвар итминон медиҳанд, ки бо оғози камбуди барқ дар Тоҷикистон, интиқоли он ба хориҷи кишвар қатъ хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.