Имсол беш аз 220 ҳазор хориҷӣ шаҳрвандии Русияро гирифтанд

Аз моҳи январ то августи соли равон 221,1 ҳазор нафар хориҷиён шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Дар ин бора бо истинод ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (омбудсмен)-и Русия Татяна Москалкова хабаргузории Фергана иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – Украина, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Молдова аз ҳама бештар дар ин хусус […]

Аз моҳи январ то августи соли равон 221,1 ҳазор нафар хориҷиён шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Дар ин бора бо истинод ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (омбудсмен)-и Русия Татяна Москалкова хабаргузории Фергана иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – Украина, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Молдова аз ҳама бештар дар ин хусус дархост расидааст.

Шумори арзу шикоятҳои марбут ба шаҳрвандӣ ва муҳоҷират ба унвони омбудсмен кам шудааст. Москалкова инро ба тағйирот дар қонунгузорӣ вобаста донистааст, ки гирифтани шаҳрвандии Русияро барои намояндагони чанде аз кишварҳо осонтар кард.

Бино ба маълумоти ВКД Русия, тайи панҷ соли охир шумори ҳамасолаи хориҷиёне, ки ба шиносномаи Русия соҳиб мешаванд, ду баробар – аз 135 ҳазор дар соли 2013 то ба 269 ҳазор дар соли 2019 афзудааст. Соли гузашта аксариятро дар ин самт зодагони Украина (83 ҳазор), Қазоқистон (45 ҳазор), Тоҷикистон (35 ҳазор), Арманистон (27 ҳазор) ва Ӯзбекистон (21 ҳазор) ташкил додаанд.

Қобили зикр аст, ки имсол Русия гирифтани шаҳрвандиро барои мутахассисони баландихтисос осонтар кард. Шароит барои шаҳрвандони Афғонистон, Ироқ, Яман ва Сурия, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави РСФСРтаваллуд шудаанд, сабуктар гардидааст.

Ба ғайр аз ин, қонун дар бораи истифодаи расмиёти содашуда бо салоҳдиди президенти Русия мавриди амал қарор гирифт.

Чанде пеш аз рӯйи иттилои ҳукумат маълум шуд, ки дар Русия иҷозаи душаҳрвандӣ ба нақша гирифта шудааст. Дуруст аст, ки то ҳол муҳлати он зикр нашудааст. Тибқи маълумоти ВКД, аз лиҳози вуруди муҳоҷирон Русия дуюмин кишвар дар саросари дунёст. Соли 2018 шумори хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандии танҳо расман ба қайди муҳоҷират гузошташуда наздики 18 млн. нафарро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.