Тағйироти кадрии Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои КДАМ ва ВКД

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал овард. Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарори Ҳукумати ҶТ Камолзода Фарҳод аз вазифаи Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ озод карда шуда, ба вазифаи муовини якуми раиси КДАМ ҶТ таъин шудааст. Ҳамзамон Файзуллозода Муҳаммадсаид […]

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарори Ҳукумати ҶТ Камолзода Фарҳод аз вазифаи Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ озод карда шуда, ба вазифаи муовини якуми раиси КДАМ ҶТ таъин шудааст. Ҳамзамон Файзуллозода Муҳаммадсаид раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон таъин гардид.

Инчунин бо фармони раисҷумҳур “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” Раҳмонализода Рухшона Раҳмоналӣ аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод карда шуд. Ёдрас мекунем, ки ӯ зимни гирифтани 2000 доллар пора дастгир шуда буд.

Бо фармони дигари сарвари давлат Умедҷон Раҳматҷонӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Бӯстон озод карда шуд.

Дар мувофиқа бо раисҷумҳур инчунин сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД ҶТ, сардорони Раёсатҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, сардорони шуъбаи рақами 2-и ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ, шуъбаҳои якуму дуюм дар ноҳияи Сино ва шуъбаи дуюми ВКД дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин шуданд.

Ба ҷуз ин, сардорони шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои Қубодиён, Балҷувон, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Дӯстии вилояти Хатлон, ноҳияҳои Лахш ва шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд таъин гардиданд.

Раисҷумҳур кадрҳои навтаъини КДАМ ва ВКД-ро ба ҳузур пазируфта, аз ҷумла таъкид кард: «Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлату миллат, шаҳрвандон, пешгирии амалҳои номатлуб, бахусус зӯроварӣ ва ришваситонӣ аз масъалаҳоеанд, ки бояд дар ин самт муборизаро пурзӯр намуд».

Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини суботу амният, таҳкими волоияти қонун, мубориза алайҳи ҳамагуна ҷинояткорӣ, бахусус, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳое, ки дар шароити авзои мураккабу печидаи минтақа ба амнияту субот ва зиндагии осудаи мардум хатар доранд, таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.