Ташрифи аҳли фарҳангу ҳунари Ӯзбекистон ба Душанбе

Иштирокдорони Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар ҳайати 50 нафар таҳти роҳбарии вазири фарҳанги ҳамсоякишвар Бахтиёр Сайфуллоев шаби 11-уми ноябр ба Душанбе омаданд. Меҳмононро дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, намояндагони зиёиёни эҷодкор ва сокинони пойтахт истиқбол карданд. Ба ин ҳайат Ҳунарпешаҳои халқии Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов ва Маҳмуд Намозов, чанд нафар ҳунарпешаҳои […]

Иштирокдорони Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар ҳайати 50 нафар таҳти роҳбарии вазири фарҳанги ҳамсоякишвар Бахтиёр Сайфуллоев шаби 11-уми ноябр ба Душанбе омаданд.

Меҳмононро дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, намояндагони зиёиёни эҷодкор ва сокинони пойтахт истиқбол карданд.

Ба ин ҳайат Ҳунарпешаҳои халқии Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов ва Маҳмуд Намозов, чанд нафар ҳунарпешаҳои шоиста ва маъруфи ҳамсоякишвар, ансамбли “Мақом” ва ансамбли рақсии “Тошкент зеболари” шомил шудаанд.

Дар лаҳзаҳои охир ҷониби Ӯзбекистон ба ҳайат овозхони маъруф, Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Шералӣ Ҷӯраевро низ дохил кард. Моҳи августи соли 2018 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шералӣ Ҷӯраев унвони Ҳунарманди халқии Тоҷикистонро дода буд.

Имрӯз, 12-уми ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии вазирони фарҳанги Тоҷикистону Ӯзбекистон Шамсиддин Орумбекзода ва Бахтиёр Сайфуллоев баргузор мешавад.

Шоми имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ботантанаи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон доир мегардад. Қабл аз ифтитоҳи расмии чорабинӣ дар долони театр намоиши аксҳо ва мусаввараҳо дар мавзӯи “Ӯзбекистони муосир” баргузор мешавад.

Рӯзи 13-уми ноябр ҳайати ҳунарӣ ва расмии Рӯзҳои фарҳанг ба ноҳияи Данғара сафар карда, барои сокинон ва меҳмонони ин ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод мекунанд.

Шоми 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳунарпешагони ӯзбек ва тоҷик таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” консерти муштарак баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.