Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми рушд-2020 иштирок мекунад

Дар доираи омодагӣ ба Чемпонати Осиё-2020, мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар 16-ум мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми рушд-2020” ширкат меварзад. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқа рӯзҳои 19-25 январ дар шаҳри Мински Беларус ҷараён мегирад. Барои ба даст овардани ҷом 8 дастаи мунтахаби наврасони соли таваллудашон […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар доираи омодагӣ ба Чемпонати Осиё-2020, мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар 16-ум мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми рушд-2020” ширкат меварзад.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқа рӯзҳои 19-25 январ дар шаҳри Мински Беларус ҷараён мегирад. Барои ба даст овардани ҷом 8 дастаи мунтахаби наврасони соли таваллудашон то 2003 талош мекунанд.

Бар асоси қуръакашии мусобиқа мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳамроҳ бо дастаҳои Исландия, Исроил ва Гурҷистон ба гурӯҳи “В” ворид шуданд. Гурӯҳи “А” аз тимҳои Беларус, Белгия, Финландия ва Ӯзбекистон таркиб ёфтааст.

Тибқи низомнома, дастаҳо дар гурӯҳ дар як давр бозӣ мекунанд, сипас ғолибони гурӯҳ ба финал роҳхат мегиранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳ ҷойи дуюмро ишғол месозанд, барои медали биринҷӣ талош меварзанд. Ҳамчунин бозиҳо барои ишғоли ҷойҳои 5-8 доир мешаванд.

Мусобиқа барои тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) як марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки аз 16-уми сентябр то 3-юми октябри соли 2020 дар Баҳрайн баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.