Ҷаримаи 109 шаҳрванд барои партов дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд 109 нафар шахсони воқеъӣ ва мансабдор барои риоя накардани муқаррароти партов ба маблағи умумии 64775 сомонӣ ҷарима бастаанд. Дафтари матбуоти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати риоя накардани қонунгузориҳо дар самти партов нисбат ба 109 нафар мутобиқи моддаҳои 220 (Иҷро накардани амрномаю қарорҳои мақомоти назорати ҳифзи муҳити зист ва […]

Дар шаҳри Хуҷанд 109 нафар шахсони воқеъӣ ва мансабдор барои риоя накардани муқаррароти партов ба маблағи умумии 64775 сомонӣ ҷарима бастаанд.

Дафтари матбуоти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати риоя накардани қонунгузориҳо дар самти партов нисбат ба 109 нафар мутобиқи моддаҳои 220 (Иҷро накардани амрномаю қарорҳои мақомоти назорати ҳифзи муҳити зист ва истифодаи муҳити табиӣ), 223 (Риоя накардани стандартҳо, қоидаҳо, меъёрҳо, дастурамалҳову дигар талаботи экологии ҳифзи муҳити зист ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ), 232 (Риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҳамлу нақл, ҷойгиркунӣ, истифода, нест кардан (гӯронидан)-и партовҳои саноатию маишӣ ва дигар партовҳо), 238 (Истифодаи захираҳои табиӣ бе иҷозати махсус), 239 (Риоя накардани талаботи экологӣ ҳангоми нигоҳ доштан, интиқол додан, истифода бурдан, безарар гардонидан ва гӯронидани партовҳои саноатии токсигенӣ ва партовҳои истеҳсолию истеъмолӣ) протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Сипас ин шахсонро ба маблағи 64775 сомонӣ ҷарима бастаанд, ки аз он 41570 сомонӣ ба таври ихтиёрӣ супорида шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд партовҳоро бо истифода аз 31 адад техникаҳои махсус дар се баст ба партовгоҳи умумишаҳрӣ мебароранд.

Ҳамзамон дар миқёси шаҳр ҳамагӣ 175 адад нуқтаи муваққатии партов мавҷуд буда, дар онҳо зиёда аз 900 адад қуттиҳои махсуси оҳанини партов мавҷуд аст. Инчунин дар корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, донишкадаҳо, коллеҷҳо, дармонгоҳҳо, беморхонаҳо, марказҳои савдо беш аз 1200 адад қуттиҳои махсуси оҳанин таъмин карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.