Вакилон имсол паёми президентро ба мардум шарҳ намедиҳанд

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имсол барои шарҳу тавзеҳи бандҳои паёми раисҷумҳур аз 26-уми декабри соли гузашта ба минтақаҳо намераванд. Қаблан чунин таҷриба роиҷ буд: баъд аз чанд рӯзи ироаи паёми сарвари давлат вакилон барои тавзеҳи он ба минтақаҳо сафар мекарданд. Ин навгонӣ ба он вобаста аст, ки ваколати намояндагони мардумӣ дар палатаи поёнии парлумон дар арафаи […]

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имсол барои шарҳу тавзеҳи бандҳои паёми раисҷумҳур аз 26-уми декабри соли гузашта ба минтақаҳо намераванд.

Қаблан чунин таҷриба роиҷ буд: баъд аз чанд рӯзи ироаи паёми сарвари давлат вакилон барои тавзеҳи он ба минтақаҳо сафар мекарданд.

Ин навгонӣ ба он вобаста аст, ки ваколати намояндагони мардумӣ дар палатаи поёнии парлумон дар арафаи анҷомёбист ва аксари онҳо ба номзадии вакилӣ пешбарӣ намешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон (МНМО ҶТ) хабар дод.

Дар ҳамин ҳол, вакили МНМО ҶТ даъвати ҳозира, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода, ки аз рӯйхати ин ҳизб дар ҳавзаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ номзад ба вакилӣ пешбарӣ мешавад, ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, дар ҷараёни маъракаи пеш аз интихоботии худ ва вохӯриҳо бо интихобкунандагон ба шарҳи паёми президент таваҷҷуҳи хос зоҳир хоҳад кард.

Вакилон Дилрабо Мансурӣ, Фирӯза Шарифӣ, Насиба Содиқова ва Абдураҳим Холиқзода аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон,  Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ, Саидҷаъфар Усмонзода аз Ҳизби демократ, Абдуҳалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалистӣ ва Рустам Қудратов аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ  ният доранд, ки аз рӯйи рӯйхати аҳзоби сиёсӣ дар ҳавзаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ такроран курсиҳои вакилиро ба даст оранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.