Дар Тоҷикистон озмуни драмнависон оғоз шуд

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ ва тарғиби санъати театрӣ озмуни ҷумҳуриявии драмнависонро эълон кардааст. Тибқи иттилои вазорати фарҳанг, ин озмун бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон гузаронида шуда, аз 15-уми январ то 15-уми сентябри соли 2020 ҷараён мегирад,. Драмнависон бояд асарҳои худро дар се нусхаи чопӣ ба созмондиҳандагони озмун […]

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ ва тарғиби санъати театрӣ озмуни ҷумҳуриявии драмнависонро эълон кардааст.

Тибқи иттилои вазорати фарҳанг, ин озмун бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон гузаронида шуда, аз 15-уми январ то 15-уми сентябри соли 2020 ҷараён мегирад,.

Драмнависон бояд асарҳои худро дар се нусхаи чопӣ ба созмондиҳандагони озмун пешниҳод кунанд. Ғояи асар бояд фарогири мавзӯъҳои муосири таҷассумгари дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дар замони истиқлол бошад.

Озмуни мазкур 1-уми октябри соли равон ҷамъбаст мешавад. Барои ҷойи аввал 8000 сомонӣ, мақоми дуюм 6000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 4000 сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст.

Инчунин се ҷоизаи ҳавасмандгардонӣ бо маблағи ҳар яке 1000 сомонӣ тақдим хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.