Эҳтимоли тармафароӣ дар Тоҷикистон бар асари гармшавии ҳаво

Бар асари гармшавии ҳаво рӯзҳои 29-31 январ дар ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ фаромадани тармаҳо дар назар аст. Мувофиқи маълумоти обуҳавошиносон, ҳавои мисли баҳор гарм дар кишвар то охири ҳафта боқӣ мемонад: ҳарорат то 14 дараҷа гарм мешавад. То охири январ боришот пешбинӣ нашудааст. Аввали моҳи феврал ҳаво боз каме сард мешавад. Аммо бо вуҷуди гармшавӣ, ҳушдор медиҳанд […]

Бар асари гармшавии ҳаво рӯзҳои 29-31 январ дар ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ фаромадани тармаҳо дар назар аст.

Мувофиқи маълумоти обуҳавошиносон, ҳавои мисли баҳор гарм дар кишвар то охири ҳафта боқӣ мемонад: ҳарорат то 14 дараҷа гарм мешавад. То охири январ боришот пешбинӣ нашудааст. Аввали моҳи феврал ҳаво боз каме сард мешавад.

Аммо бо вуҷуди гармшавӣ, ҳушдор медиҳанд обуҳавошинсон, дар ағбаҳо яхбандӣ боқӣ монда, хавфи тармафароӣ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, ҳушёриву зиракиро аз даст надода, боэҳтиёт бошед!

Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз пеш бар асари фаромадани тарма як марди 45-солаи сокини ноҳияи Рашт ба ҳалокат расид. Ӯ каме дуртар аз зодгоҳаш зери тарма монд. Мард барои шикори кабк ба кӯҳ баромада буд. Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, марди ҳалокшуда қурбонии дуюми соли равон аз тарма аст: аввали моҳи январ ҷавони 20-сола низ зери тарма ҳалок шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.