Ифтитоҳи толори нави алоқаи “МегаФон Тоҷикистон” дар Истаравшан

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” васеъкунии шабакаи толорҳои фирмавиро дар вилояти Суғд идома медиҳад. Толори нави алоқа дар деҳаи Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ба фаъолияти худ оғоз намуд. Дар рӯзи кушодашавии он ҳар як муштарие, ки тарофаи “Биё: Фаъол бош”-ро интихоб намуд, купонро барои пайвасткунии ройгони хизматгузории “Арбуз ТВ” барои тамошои онлайни шабакаҳои рақамии телевизионӣ ба даст […]

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” васеъкунии шабакаи толорҳои фирмавиро дар вилояти Суғд идома медиҳад. Толори нави алоқа дар деҳаи Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ба фаъолияти худ оғоз намуд. Дар рӯзи кушодашавии он ҳар як муштарие, ки тарофаи “Биё: Фаъол бош”-ро интихоб намуд, купонро барои пайвасткунии ройгони хизматгузории “Арбуз ТВ” барои тамошои онлайни шабакаҳои рақамии телевизионӣ ба даст овард.

Дар толори нав муштариён интихоби васеи дастгоҳҳо (телефонҳои мобилӣ, роутерҳо) ва лавозимоти онҳоро пайдо хоҳанд кард. Ба ғайр аз ин, мутахассисони ширкат зуд ва босифат дар ҳалли ҳама гуна масоили “мобилӣ”-и муштариён – аз интихоби тарофаи муносиб то танзимкунии таҷҳизот кӯмак менамоянд.

“МегаФон Тоҷикистон” ҳаракат мекунад, ки ҳамаи муштариёнашро бо хизматрасонии беҳтарин таъмин намояд. Маҳз барои ҳамин мо шабакаи хусусии хизматрасониро дар вилояти Суғд васеъ менамоем. Дар толори нави воқеъ дар деҳаи Гули Сурх сокинон дар масъалаҳои гуногун машварат гирифта метавонанд”, – изҳор дошт директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер Наимов.  

Шурӯъ аз январи соли 2020 дар толорҳои оператор инчунин метавон чиптаҳои ҳавопаймоиро ба ҳама самтҳо дастрас намуд. Тартиби мазкур якчанд дақиқаро дар бар гирифта, ба воситаи он метавон масъалаи вобаста ба харидани чиптаҳои ҳавопайморо дар наздикии хона ё ҷойи кор ба зудӣ ҳал намуд.

Толори нави МегаФон дар деҳаи Гули Сурх, дар суроғаи: к.Спитамен,75 ҷойгир аст. Вақти корӣ – ҳаррӯза аз соати 8:00 то 17:00. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.