Дар шимоли Тоҷикистон “пирамидаи молиявии қалбакӣ” ошкор шудааст

Дар шимоли Тоҷикистон фаъолияти “пирамидаи молиявӣ” ошкор гардид, ки онҳо ба фурӯши аксияҳои қалбакии ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба монанди “Ford”, “Walt Disney”, “Starbuck’s”, “Netflix” машғул будаанд. Кормандони шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар вилояти Суғд намояндагони қалбакии ширкати хориҷии “Unique Finance” ошкор кардаанд. Марбут ба ин қазия маркази матбуоти РВКД-и Суғд дар […]

Дар шимоли Тоҷикистон фаъолияти “пирамидаи молиявӣ” ошкор гардид, ки онҳо ба фурӯши аксияҳои қалбакии ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба монанди “Ford”, “Walt Disney”, “Starbuck’s”, “Netflix” машғул будаанд.

Кормандони шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар вилояти Суғд намояндагони қалбакии ширкати хориҷии “Unique Finance” ошкор кардаанд. Марбут ба ин қазия маркази матбуоти РВКД-и Суғд дар барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додааст.

Ин гурӯҳ худро ба мардум намояндаи ширкати хориҷии “Unique Finance” муаррифӣ карда, ба фурӯши саҳмияҳои қалбакӣ, ки гӯё шахси саҳмиядор аз болоравии нархи он даромади пулӣ ба даст меорад, машғул будааст. Онҳо маблағҳои калони шаҳрвандонро ба даст оварда, ба эҳтиёҷоти шахсии худ сарф кардаанд.

Яке аз созмондиҳандагони “пирамидаи қалбакӣ” Нурулло Ҳусейнов, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ва роҳбари ҶДММ “Нур Сафар” мебошад. Ба ғайр аз ӯ нисбат ба 7 нафари дигар низ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Онҳо барои иҷрои нақшаи ҷиноятӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд идораи худро таъсис дода, ба ҷалби шаҳрвандон машғул мешаванд.

Нурулло Ҳусейнов дар бозпурсӣ ба суоли муфаттиш, ки “оё шаҳрвандони зарардида метавонанд маблағҳояшонро бозпас гиранд?” чунин посух додааст: “Ин маблағҳоро на Сайфиев, на Шамшод Маҳмадов, на Нурулло Ҳусейнов ба даст гирифтагӣ нест ва намегирад! Ҷавобгарӣ низ ба гардани мо нест!”

Нафарони касбу кори гуногун, аз ҷумла, соҳибкорон пасандозҳои худро ба онҳо бовар карда, саҳмияҳои қалбакиро гирифтаанд.

Яке аз шаҳрвандони фиребхӯрда – Ботур Ниёзов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд: “Ба суханони онҳо бовар карда, “регистратсия” шудам. Баъдан моҳи июни соли 2019 дар конфронси ҷумҳуриявӣ, ки дар кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, Нурулло Ҳусейнов худро ҳамчун роҳбари ширкати “Нур Сафар” муаррифӣ карда, иброз дошт, ки ширкати “Unique Finance” қонунӣ карда шуда, он зертобеи ширкати “Нур Сафар” мебошад. Ман ба онҳо бовар карда, бо маблағи 15 ҳазор доллар саҳмия харидам”.

Шаҳрванди дигар – Дилором Мунавварова, сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд: “Баъд аз он ки офиси худро дар кохи “Матбуот” кушоданд, ҳама аксҳои бренди компанияро овехтанд. Моро даъват карданд, то омада бубинем, ки ҳама чӣ қонунӣ карда шудааст. Дар ҳақиқат мо омада дидем, ки ҳама чӣ ҳаст, мо ба онҳо бовар кардем. Пас аз ин ман боз 1000 доллари дигар гузоштам, то аз он низ фоида гирам”.

Айни ҳол аз рӯйи ин ҳодиса бо ду моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – 247 (Қаллобӣ) ва 276 (Дидаю дониста додани рекламаи бардурўғ) парванда кушода шудааст.

Тафтишот 15 нафарро ҷабрдида эътироф кардааст, ки ҳоло ин шумораи ниҳоӣ нест. Ин нафарон бо маблағи аз 1000 то 45000 доллари ИМА саҳмия харидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.