“Тоҷикстандарт”: Ба ҷуз чой, дигар маҳсулоти хӯроквории Чин ҳатто соли гузашта ворид намешуданд

 “Соли 2019 ба ҷуз чой, Тоҷикистон аз Чин дигар маҳсулоти хӯрокворӣ ворид накардааст”, – хабар дод директори Агентии “Тоҷикстандарт” Қудрат Давлатзода зимни нишасти матбуотии имрӯза дар Душанбе. Номбурда қайд кард, ки воридоти чой низ аз моҳи январи соли равон қатъ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, маҳсулоти ғизойиро аз Чин ширкатҳои ин кишвар, ки дар Тоҷикистон машғули […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

 “Соли 2019 ба ҷуз чой, Тоҷикистон аз Чин дигар маҳсулоти хӯрокворӣ ворид накардааст”, – хабар дод директори Агентии “Тоҷикстандарт” Қудрат Давлатзода зимни нишасти матбуотии имрӯза дар Душанбе.

Номбурда қайд кард, ки воридоти чой низ аз моҳи январи соли равон қатъ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, маҳсулоти ғизойиро аз Чин ширкатҳои ин кишвар, ки дар Тоҷикистон машғули коранд, барои истеъмоли худашон меоранд.

Тадриҷан даст кашидан аз воридоти маҳсулоти чиниро Давлатзода бо он маънидод кард, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон ба туфайли амалисозии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ истеҳсоли бисёр маҳсулоти воридотивазкунанда ба роҳ монда шуд.

Давлатзода зикр кард, ки аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли сабзавоту мева ба таври қобили мулоҳиза афзуд.

Ғайр аз ин, таъкид дошт ӯ, қаблан дар ҷумҳурӣ барои тамоми сол тару тоза нигаҳдории маҳсулоти кишшоварзӣ шароит муҳайё набуд.

“Имрӯз ба туфайли расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, дар саросари кишвар бисёр чунин анборҳо (сардхонаҳо) сохта шудаанд, ки ҳангоми зарурат ба таъмини бозор бо маҳсулот имкон медиҳанд”, – илова кард ӯ.

Қаблан Кумитаи бехатарии озуқавории кишвар пас аз хуруҷи коронавирус дар Чин, воридоти ҳама гуна навъи маҳсулоти хӯроквориро аз ин кишвар манъ кард.

Аз ин пеш Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки алоқаи роҳи ҳавоӣ ва заминии Тоҷикистон бо Чин қатъ шуда, маҳсулот тариқи бандарҳои баҳрӣ аз кишварҳои сеюм ворид мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.