Раёсати тандурустии ВМКБ: Дар Мурғоб коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

Тӯли 3 рӯзи охир тавассути паёмакрасони шахсӣ ва саҳифаҳои иҷтимоӣ овозае паҳн шудааст, ки гӯё дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Раёсати тандурустии ВМКБ бо нашри як иттилоия ин овозаҳоро беасос номидааст. “Вобаста ба вазъи эпидемикии коронавирус дар кишвари Чин, бо назардошти робитаи зич бо ин кишвар тавассути гузаргоҳи Қулма, […]

Тӯли 3 рӯзи охир тавассути паёмакрасони шахсӣ ва саҳифаҳои иҷтимоӣ овозае паҳн шудааст, ки гӯё дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Раёсати тандурустии ВМКБ бо нашри як иттилоия ин овозаҳоро беасос номидааст.

“Вобаста ба вазъи эпидемикии коронавирус дар кишвари Чин, бо назардошти робитаи зич бо ин кишвар тавассути гузаргоҳи Қулма, дар нуқтаи назорати санитарии карантинии (ННСК)-и “Қулма” чорабиниҳои назоратии зидди эпидемикӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар ННСК-и “Қулма”-и ноҳияи Мурғоб айни замон 1 табиби эпидемолог ва 2 ёрдамчии духтури эпидемолог фаъолият доранд. Дар ННСК-и “Қулма” 1 адад ҳароратсанҷи дистансионии бадан, 4 адад ҳароратсанҷ, 4 воситаи фардии муҳофизатии махсус (индивидуальное средство защиты и защитные костюмы) ва инчунин маводҳои безараргардониву ниқобу дастпӯшак ба таври кофӣ мавҷуд мебошад”, – хабар додаанд аз раёсати мазкур ба Moh.tj.

Бино ба иттилои манбаъ, дар беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб 25 адад воситаҳои фардии муҳофизатии махсус, 1350 дастпӯшак, 70 респиратор, 400 ниқоб, 2 хилъат, 12 пробирка барои гирифтани намуна ҷиҳати ташхис дастрас гардонида шудаанд.

Айни ҳол дар беморхонаи Конақурғон 15 нафар ва дар касалхонаи ноҳиявӣ 4 нафар дар карантин буда, таҳти назорати табибон қарор доранд. То ин замон дар ягон нафари онҳо нишонаҳои бемории коронавирус пайдо нашудааст.

Тибқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ҳар нафаре, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин вориди Тоҷикистон мешавад, 14 рӯз бояд зери назорати табибон қарор гирад.

“Вазъият дар зери назорати қатъии Раёсати тандурустӣ ва сохторҳои он қарор дода шудааст ва дар ноҳия ситоди доимоамалкунанда фаъолият дорад”, – омадааст дар иттилоия.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.