Тақсими 13 ҳазор маълумотнома барои коҳиши хатари коронавирус

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 13 ҳазор нусха маълумотнома ва тавсияҳои Созмони ҷаҳонии беҳдоштро оид ба паст кардани хатари сирояти коронавирус барои шаҳрвандон нашр ва ба муассисаҳои тандурустӣ тақсим кардааст. Тибқи иттилои вазорат, ҳадаф аз ин иқдом ҳарчи бештар огоҳонидани аҳолӣ оид ба ин беморӣ ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятшавӣ ба […]

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 13 ҳазор нусха маълумотнома ва тавсияҳои Созмони ҷаҳонии беҳдоштро оид ба паст кардани хатари сирояти коронавирус барои шаҳрвандон нашр ва ба муассисаҳои тандурустӣ тақсим кардааст.

Тибқи иттилои вазорат, ҳадаф аз ин иқдом ҳарчи бештар огоҳонидани аҳолӣ оид ба ин беморӣ ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятшавӣ ба он мебошад.

Қобили зикр аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус назоратро дар тамоми нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои байнулмилалии Тоҷикистон пурзӯр карда, дар ин самт шабонарӯзӣ фаъолият дорад.

Айни замон беш аз 900 нафар шаҳрванди аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон воридшуда дар беморхонаҳои сироятии кишвар таҳти назорати табибон қарор доранд. То кунун дар миёни онҳо сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. 

Тибқи маълумоти ахир, шумораи фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҳазор гузашта, ҳамзамон, теъдоди сироятшудагон беш аз 42 ҳазор нафар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.