Боздошти 2 ҷавон барои ташкили фоҳишахона дар Душанбе

Мардони 20 ва 22-сола хонаи дар пойтахт ба иҷора гирифтаро барои алоқаи ҷинсии дигарон фароҳам овардаанд. Бино ба иттилои ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 2 нафар сокинони хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Нахимови шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона дастгир шуданд. Онҳо 19-уми феврал, тахминан соати 11 хонаи ба иҷора […]

Мардони 20 ва 22-сола хонаи дар пойтахт ба иҷора гирифтаро барои алоқаи ҷинсии дигарон фароҳам овардаанд.

Бино ба иттилои ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 2 нафар сокинони хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Нахимови шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона дастгир шуданд.

Онҳо 19-уми феврал, тахминан соати 11 хонаи ба иҷора гирифтаашон, воқеъ дар кӯчаи Ғанӣ Абдуллоро барои алоқаи ҷинсӣ ба марди 21 ва зани 36-солаи сокинони пойтахт пешниҳод карда, аз онҳо 250 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаанд.

Боздоштшудагон худи ҳамон рӯз тахминан соати 19:00 хонаи мазкурро барои алоқаи ҷинсӣ ба марди 34 ва зани 19-солаи сокинони шаҳри Душанбе фароҳам оварда, аз онҳо 170 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаанд.

Инчунин онҳо бо ҳамин роҳ 19-уми феврал тахминан соати 16:00 хонаи ба иҷора гирифтаро барои алоқаи ҷинсӣ ба марди 32 ва зани 36-солаи сокининони пойтахт дода, аз онҳо 250 сомонӣ маблағ гирифтаанд.

Аз рӯйи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.