“Барқи тоҷик” аз беҳбуди вазъи молиявӣ хабар медиҳад

ШСХК “Барқи тоҷик” бинобар сабаби вазъи мушкили молиявӣ солҳои қаблӣ қарзҳои худро ба Вазорати молия, ки аз ҳисоби созишномаҳои қарзӣ ба вуҷуд омада буданд, пардохт намекард. “Бо рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъи молиявӣ дар соли 2019 ширкат қарзи Вазорати молияро аз рӯйи созишномаҳои қарзӣ ба маблағи умумии 233,1 млн сомонӣ (24 млн доллар) пардохт”, – […]

ШСХК “Барқи тоҷик” бинобар сабаби вазъи мушкили молиявӣ солҳои қаблӣ қарзҳои худро ба Вазорати молия, ки аз ҳисоби созишномаҳои қарзӣ ба вуҷуд омада буданд, пардохт намекард.

“Бо рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъи молиявӣ дар соли 2019 ширкат қарзи Вазорати молияро аз рӯйи созишномаҳои қарзӣ ба маблағи умумии 233,1 млн сомонӣ (24 млн доллар) пардохт”, – қайд мешавад дар маълумоти дафтари матбуоти ширкат.

Қарзҳои кредитории “Барқи тоҷик” ба ҳолати 1 январи соли равон 26 млрд сомониро ташкил медиҳанд, ки 21 млрд сомониаш ба лоиҳаҳои сармоягузории амалишуда дар бахши электроэнергетика (25 лоиҳа татбиқ ва боз 13 лоиҳа дар марҳилаи татбиқ қарор доранд) рост меояд.

Боқимонда 5 млрд сомонӣ қарзҳо ба ду нерӯгоҳи барқи обиии Сангтӯда, “Ориёнбонк”, барои харидани мазут ва ғайра мебошад.

Қаблан раҳбарияти “Барқи тоҷик” хабар дода буд, ки қарзҳояшро аз андоз пурра пардохтааст.

Соли гузашта “Барқи тоҷик” ба маблағи 453,4 млн сомонӣ андоз пардохтааст, ки ин аз ҳаҷми андозҳои ҷорӣ қариб 70 млн сомонӣ бештар мебошад.

“Дар натиҷа ширкат пардохти ҳамаи андозҳои ҷорӣ ва бақияҳо (маблағи пурра пардохтнашудаи андоз – шарҳи идора)-ро таъмин намуда, ба ин васила қарзҳо аз андозро бартараф кард”, – изҳор дошт раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 12-уми феврал дар Душанбе.

Ғайр аз ин, соли гузашта ширкат тибқи ҷадвал 400 млн сомонӣ қарзи НБО “Сангтӯда-1”, 166 млн сомонӣ – қарзи НБО “Сангтӯда-2”, 68 млн сомонӣ – қарзи НБО “Роғун” ва мутаносибан 140 ва 257 млн сомонӣ – қарзҳо аз харидани мазуту ангиштро пардохтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.